Дар бархӯрди “Опел-Астра” ба “Дулан” дар Лақайбегӣ 5 нафар ҳалок шуданд

Соати 21:19 дақиқаи рӯзи 11-уми апрели соли равон дар мавзеъи Лақайбегии роҳи мошингарди  Душанбе-Ваҳдат-Данғара як мошини тамғаи “Опел-Астра” дучори садама шуд ва бар асари он 5 нафар ба ҳалокат расиданд.

Ин мошинро як сокини 30-солаи ноҳияи Восеъ идора мекард ва ӯ бо чор ҳамсафараш аз самти Кӯлоб ба шаҳри Душанбе дар ҳоли ҳаракат буданд.

Бино ба гузоришҳо ин мошини сабукрав ба мошини боркаши “Дулан”, ки мутааллиқ ба як сокини 37-солаи ноҳияи Фархор будааст, бархӯрдааст. Сабаби ин садама дақиқан маълум нест.

Мошини “Дулан” аз шаҳри Душанбе берун шудаву ба самти Кӯлоб ҳаракат мекард. 

Ронанда ва ҳамаи чор мусофири мошини “Опел-Астра”, ки 3 нафраи онҳо мард, яке зан ва чорумӣ кӯдаки ноболиғ будааст, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Ҷасади қурбониёни ин садамаи мудҳиш аз ҷониби сокинони маҳалле, ки садама рух додааст, аз дохили мошин бароварда шуда, ба бемористони марказии шаҳри Ваҳдат интиқол дода шудаанд.

Мақомоти тафтишотӣ сабабҳои садамаро дақиқ мекунанд.

барчасп: