Рўзи мудофиаи гражданӣ дар Хатлон

Ин рӯзест, ки таваҷҷуҳи аҳолӣ ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ ҷалб карда мешавад. Рӯзест, ки ба одамон ҳушдор дода мешавад, ки канори зиндагии осуда як зиндагии дигаре ҳам эҳтимол дорад, ки бар асари офатҳои ногаҳонии табииӣ ба миён меояд. Ва инсон бояд ҳамеша худро ба ҳар гардиши айём омода созад. Ин рӯз дарсест барои сокинон ва ҳушдорест ба онон, ки ҳамеша омодаи ҳар гуна ҳодсаҳо бошанд, то хатари офатҳо коҳиш ёбанд.

Ин аст, ки тибқи Нақша чорабиниҳои асосии вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар соли 2021, бо мақсади санҷида баромадани сатҳи омодагии мақомотҳои идоракунӣ, дониш ва сатҳи кабии ҳайати роҳбарикунанда, нерўҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ такмили малакаи мустақилона амал намудан дар ҳамагуна вазиятҳо ва Фармоиши сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон аз 25 марти соли 2021, вобаста ба ин рӯзи 9 апрели соли 2021 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 –и шаҳри Левакант ва дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 –и ноҳияи Кўшониён “Рўзи мудофиаи граждании намунавӣ” доир гардид.

Дар ин чорабинӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати маҳалии шаҳр, директорон ва омӯзгорони омодагии дифои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр ва ноҳия, инчунин хадамотҳои мудофиаи граждании тибби ва оташхомушкунӣ шаҳр ва ноҳия ҷалб карда шуданд.

 

М.Муйдинов