Пирӯзӣ дар майдони футбол. Ҳисоб 4:1!

Мусобиқоти варзишӣ миёни вазорату идораҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, ки то ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад, идома дорад.

8-уми апрели соли равон тими мини-футболи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудифиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷтамаи варзиши “Динамо”-и ВКД ҶТ бо тими мини-футболи  Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрд.

Бозӣ ба ҳисоби 4:1 ба фоидаи дастаи варзишкорони КҲФ ба анҷом расид. Ин аввалин пирӯзӣ дар варзиши футбол барои дастаи КҲФ буд.

Ҳамкорон ва варзишгарони худро самимона барои ин пирӯзиву ин дастовард муборакбод мекунем!

барчасп: