Дар доираи мусобиқоти варзишие, ки ба “30-солагии Истиқлоли давлатӣ” бахшида шуда ва миёни тимҳои варзишии вазорату идораҳо дар ҷараён аст, дастаи волейболбозони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат дорад.
Ин бозиҳо бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, бозии навбатӣ дар толори варзишии “Динамо”-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Тими волейболи КҲФ ин бор бо дастаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабқат кард ва дар ин бозӣ ба ҳисоби 2:0 дастболо шуд.
Аз ин пештар дастаи волейболбозони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар бозӣ бо тимҳои Кумитаи ҷавонон ва варзиш (2:1), Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2:0), телевизиони “Ҷаҳоннамо” (2:0), Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2:0) пирӯз шуда буд.
Ба варзишкорони худ дар ин роҳи мушкил бурдбориҳо ва пирӯзиҳои нав хоҳонем!