Баргузори ҷаласаи гурӯҳи коршиносони Платформаи миллӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Дар Кумитаи ҳоатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  рӯзи 7-уми апрели соли 2021 таҳти сарварии сардори Сарраёсати Кумита, котиби масъули Платформаи миллӣ полковник Ҷамшед Камолов ҷаласаи гурӯҳи доимамалкунандаи коршиносони Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо баргузор шуд.

Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои омодагиҳо ба нишасти Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо, ки қарор аст рӯзи 30-уми апрели соли равон баргузор ва ҷараёни мувофиқгардонии лоиҳаи Қарори Ҳукумат Барномаи миёнамӯҳлати ҳифзи аҳолӣ ва қаламрав барои солҳои 2021-2023 бо вазорату идораҳо, назорат ва ироаи ҳисобот дар доираи барномаи қолабии Сендай баррасӣ шавад, мавриди муҳокима қарор гирифт.

Инчунин, иштирокдорон масъалаҳои пешгӯӣ ва омодагӣ ба офатҳои табиӣ, мушоҳидаҳои ҳавоии захираи барф дар кӯҳҳо, сифати корҳои профилактикӣ ва ҳифзи соҳил дар минтақаҳои осебпазири минтақаҳои ҷумҳурӣ, натиҷаҳои мониторинги равандҳои хатарноки табиӣ, татбиқи системаи Дезинвентар-Сендайро барарсӣ намуданд.

Дар ин ҷаласа намояндагони 15 вазорату идораҳои кишвар ширкат варзиданд.  

барчасп: