Сироят ба вируси корона бори дигар рӯ ба афзоиш овардааст ва ин панҷумин ҳафта аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар аз авҷи гирифторӣ ба ин вирус бонги изтироб мезанад. Ҳафтаи сипаришуда дар олам беш аз 3,8 миллион мубталоёни нав сабт шуданд.
Маърӯзае, ки дирӯз аз натиҷаи таҳқиқоти олимон дар мавриди хуруҷи вирус аз кадом озмоишгоҳи вирусшиносии шаҳри Вуҳони Чин интишор ёфт, чор фарзия ном бурда мешавад, ки ин вирус хуруҷ кардаву то кунун дар саросари олам беш аз 2,8 миллион нафарро куштааст. Донишмандон бештар рӯи фарзияи аз ҳайвон ба одам гузаштани вирус чун дорандаи аввал (хуффошҳо, панголин ва ё ҳар ҳайвони дигар) аз тариқи ҳайвони миёнарав тамаркуз мекунанд.
Дар маърӯза, ки расман рӯзи сешанбе нашр шуд, вале ВАО пештар аз он хабар дода буд, ин хулосаҳо тақрибан тебағйир мондаанд. Дар ҳамин ҳол сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳам гуфт, ки то ба ин дам донишмандон ягон фарзияи аз пеш ироашударо комил рад накардаанд. Зеро дақиқан аз кадом манбаъ сар берун кардани вирус як таҳқиқотест, ки солҳо метавонад тӯл кашад.
Хулосаи олимон дар бораи насаби вируси SARS-CoV-2 дар айни замон ин аст:
- Фарзияи аз ҳайвон бо василаи ҳайвони дигар сироят шудани вирус ба одам эҳтимоли бештар дорад.
- Эҳтимол аст вирус аз манбаъи аслии дорандаи ин вирус ба инсон гузашта бошад.
- Эҳтимол дорад аз бастаи яхкунонидашуда ва ё сардкардашудаи ғизо сироят шуда бошад.
- Эҳтимоли хуруҷи вирус аз озомоишгоҳ хеле заъиф аст.
Дра Британияи Кабир зарфи як шабонарӯзи гузашта 4040 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус кашф шуд.
Анқара ният дорад дар давоми соли 2021 воксани тавлиди худро истеҳсол кунад. Санҷиши он аз моҳи апрел оғоз мешавад.
Гурҷистон қасд дорад роҳҳои хушкии худро барои сафари гардишгарони хориҷӣ боз кунад. Аммо ҳоло вазъи ногувори эпидемиологӣ дар кишвар имкон намедиҳад даст ба ин кор занад.
Ҳукумати Молдова ба парламони кишвар пешниҳод кард, ки ба сабаби авҷи нави коронавирус дар мамлакат ҳолати фавқулода эълон кунад.
Зарфи 24 соати гузашта дар Русия 8277 ҳодисаи гирифторӣ ба COVID-19 ба қайди гирифта шудааст. Суръати афзоиши сироят пайваста коҳиш меёбад ва ҳоло он ба 0,18 дарсад расидааст.
Дар Ӯзбекистон ташкилотҳои тибии хусусӣ ҳам ҳуқуқи эмкунии мардумро ба даст овраданд, вале хизматрасонии онҳо на ройгон, балки бо пардохти маблағ сурат мегирад.