Роҳбарони кишварҳои узви гурӯзи ҳафт миллиардҳо доллар кумак ба буҷаи барномаи ҷаҳонии воксани Созмони Милали Муттаҳид карданд. Аъзои ин гурӯҳ, ки шомили кишварҳои бо иқтисоди бузург мебошад, бо ҳадафи эминсозии ҷаҳон дар баробари вируси корона, таааҳҳду карданд, ки аз ин барномаи созандаи СММ пуштибонӣ кунанд.
Дар баёнияе, ки пас аз баргузории нишасти рӯзи 19 феврал мунтиашир шуд, омадааст, ки дар маҷмӯъ ҳафт кишвар ваъдаи кӯмаки ҳудуди ҳафтуним миллард доллар барои таҳияи воксан ба кишвраҳои дар ҳоли рушд ва фиқиртарро доданд.
Садриаъзами Олмон Ангела Меркел дар ин нишаст гуфт, танҳо замоне ин ҳамагирӣ тасхир хоҳад шуд, ки тамоми афроди рӯи замин эм карда шаванд.
Британияи Кабир, ки имсол раёсати гурӯҳи ҳафтро ба уҳда дорад, мизбони ин нишаст буд. Нахуствазири Британия Борис Ҷонсон хостори тарҳе барои эҳёи иқтисоди ҷаҳонӣ аз нобасомониҳои вобаста ба ҳамагирии корона шуд.
Пештар аз ин эълом шуда буд, ки Британия бахши зиёде воксани изофии худро ба кишварҳои фақиртар эҳдо мекунад. Гуфта мешавад, ки ин кишвар беш аз 400 миллион доза намудҳои гуногуни воксанро фармоиш додааст, ки ки пас аз эм карда шудани тамоми бузургсолон мизони зиёде аз он боқӣ мемонад.
То кунун дар Британияи Кабир ҳудуди 17 миллион нафар дозаи аввали воксанро гирфитаанд.
Президенти Фаронса Макрон аз кишварҳои Аврупо ва Амрико хост фавран то панҷ дарсад аз миқдори воксанеро, ки дар ихтиёр доранд, ба кишварҳои рӯ ба рушд фиристанд.
Манбаъ: ВВС