Субҳи имрӯз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирифторон ба коронавирус дар оламро 63 миллиону 073 ҳазору 287 нафар эълон кард. Ин созмон гуфт, ки то кунун дар саросари ҷаҳон аз КОВИД-19 1 миллиону 465 ҳазору 186 нафар фавтидаанд. Шумори муолиҷашудагон 43 миллиону 546 ҳазору 388 нафар буда, имрӯз дар бемористонҳои олам 105 ҳазору 549 нафар ҳоли вазнин доранд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон аз сабти боз 38 сироятёфтаи нав хабар дод. Ин манбаъ теъдоди умумии мубталоён ба КОВИД-19 дар кишварро 12 155 нафар эълон кард. Дар хабаре, ки шоми дирӯз мунташир шуд, гуфта мешавад, ки то ба имрӯз аз ин беморӣ 11 559 (95,1%) нафар муолиҷа шудаанд ва 86 нафар фавтидаанд.
Вирусшиносони британиёӣ маълумотҳо дар бораи воксани русии " Спутник V" бар зидди коронавирусро боварибахшу муътамад хонданд.
Дар Фаронса аз рӯзи шанбе мағозаҳое, ки молҳои ғайри ниёзи аввал савдо мекарданд, боз шуданд. Муассисаҳои савдо, аз ҷумла мағозаҳои фурӯши китоб ва асбобҳои мусиқӣ то соати 21:00 метавонанд фаъол бошанд, аммо онҳо бояд ҷиддан қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунанд. Ҳамчунин китобхонаҳо ва бойгониҳо низ дарҳои худро боз карданд.
Дар шаҳри Лежи Белгия ҳафт нафар, аз ҷумла чор корманди пулис дар ҷараёни беназмиҳо ва бархӯрдҳо захмӣ шуданд. Ин беназмиҳо бар зидди чораҳои карантиние, ки ҳукумати Белгия роҳандозӣ карда буд, созмон дода шуда буданд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Чех дар ҷаласаи рӯзи якшанбеи худ қарор кард, ки аз 3 декабри соли равон маҳдудиятҳои зиддикоронаӣ то ҳадде сабуктар карда шаванд.
Подшоҳии Арабистони Саъудӣ хабар дод, ки аз ин ба баъд ин кишвар маълумоти коронавирусро ҳар ҳафта як маротиба расонӣ хоҳад кард. На ҳар рӯз, чуноне то кунун буд.
Донишмандони Сингапур қасд доранд масъалаи ташаккули антитела ба коронавирус дар навзодонро мавриди баҳсу баррасӣ қарор диҳанд.
Шабонарӯзи гузашта дар Туркия 29 281 сироятшудаи нав ба қайд гирифта шуд, ки ин болотарин сатҳи сироят дар як шабонарӯз аз оғози ҳамагирист. Мақомот гуфтанд, ки дар 24 соати гузашта аз ин беморӣ 185 нафар ҷон бохтанд. Теъдоди фавтидагон аз оғоз ба 13 373 нафар расидааст.
Донишмандони Чин тахмин мекунанд, ки коронавируси нави SARS-CoV-2 шояд соли 2019 дар Ҳиндустон пайдо шуда буд. Онҳо мегӯянд ин вирус аз ҳайвон ба инсон дар гармои шадид ва хушксолӣ гузаштааст, чун он замон аз шиддати гармову беборонӣ одамон ва ҳайвонҳо аз як сарчашмаи об ташнагӣ мешикастанд. Ин донишмандон ҳамчунин гуфтаанд, ки вирус ҳатто метавонад аввал дар Италия, Ҷумҳурии Чех, Австралия ва ИМА пайдо ва густариш ёфта бошад. Худи Чин аз ин рӯйхат берун мондааст.
Сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебреисус изҳор дошт, ки як воксан барои боздошти авҷи коронавирус дар олам кофӣ нест.
Дар Молдова аз сабаби авҷи бесобиқаи сирояти короавирус аз имрӯз 30 ноябр ҳолати фавқулода эълон шуд. Қарор аст тадбирҳои маҳдудкунанда то 15 январ идома кунанд. Ба роҳбарони ширкатҳои хусусӣ тавсия дода шуд, ки дар низоми ҳолати фавқулодда бахше аз кормандони худро ба фаъолияти фосилавӣ гузаронанд. Кори клубҳои шабона, тарабхонаҳо ва қаҳвахонаҳо шабона манъ шуд. Ҳама гуна ҷамъомадҳо, аз ҷумла олимпиадаҳо, мусобиқаҳои варзишӣ ва конфронсҳо манъ шуданд. Шаҳрвандон дар кӯчаҳо набояд ба теъдоди бештар аз 3 нафар гирди ҳам оянд. Ҳамаи муассисаҳои фарҳангиву фароғатӣ ва тафреҳӣ фаъолияти худро қатъ мекунанд. Шахсони аз 63-сола боло иҷозат доранд танҳо барои мағоза ё дорухона рафтан аз хона бароянд. Имрӯз дар Молдова 107 017 гирифтори КОВИД-19 сабт шуда, аз ин беморӣ 2290 нафар фавтидаанд.
Шабонрӯзи гузашта дар Русия 26 683 ҳодисаи гирифторӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шудааст ва аз ин маризӣ 459 нафар ҷон бохтаанд. Аксари сироятшудагони нав дар Москав (6798. Рӯзе қабл 7320 будааст) сабт шудааст. Аз бемористонҳо дирӯз 21 987 муолиҷашудагон ҷавоб дода шудаанд.
Дар Қазоқистон зарфи шабонарӯзи гузашта 794 сироятшудаи нав сабт шуда, шумори умумии гирифторон ба 131 659 нафар расидааст.
Дар Қирғизистон дар як шабонарӯз боз 380 мубталои дигар ошкор шудааст. То кунун аз ин беморӣ дар ин кишвар 1271 нафар ҷон додаанд.
Рӯзи якшанбе дар Ӯзбекистон 56 сироятшудаи нав ба қайд гирифта шуда, шумори умумии онҳо ба 72 920 нафар расидааст.