COVID-19: Шумори гирифторон дар олам ба 62 миллион мерасад.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар дод, ки шумори умумии мубталоён ба коронавирус дар олам ба 61 миллиону 988 ҳазору 655 нафар расидааст ва шабонраӯзи гузашта боз 207 ҳазору 924 нафар мироятшудаи нав сабт шудааст. Ин манбаъ теъдоди муолиҷашудагон аз коронавирус дар оламро 42 миллиону 789 ҳазору 210 ва фавтидагонро 1 миллиону 449 ҳазору 124 нафар эълон кард. Бино ба хабар шабонарӯзи гузашта 3 211 нафари дигар ҷон бохтанд ва ҳоло дар бемористонҳои кишварҳои ҷаҳон 105 ҳазору 248 нафар дар ҳоли вазнин мебошанд.

То имрӯз, 28 ноябри соли 2020 дар Тоҷикистон 12 082 нафар чун мубтало  сабт шуда, 11 478 нафар ё 95,00% гирифторони  COVID-19 шифо ёфтаанд.

Сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адханом Гебрейесус изҳор дошт, ки коронавирус дар олам баробар густариш намекунад. Аслан ҳамаи кишварҳои олам бо ин мараз рӯ ба рӯ ҳастанд, вале ба сурати мухталиф. 70% сироятшудагон ва фавтидагон марбут ба чор кишвари бузург воқеъ шудааст ва дар мубориза бо коронавирус санҷишҳои тестӣ нақши муҳим мебозанд. Ин созмон мегӯяд ИМА, Ҳинд, Бразилия ва Русия дар сархати кишвраҳое қарор гирифтаанд, ки мубталоёни бештар доранд. Аз 60 то 70 дарсади аҳолии олам бояд эм карда шаванд, то густариши коронавирус боздошта шавад. 

Дар Британияи Кабир гурӯҳе аз аъзои парламон аз ҳизби Консерваторон аз ҳукумат хостаанд далелҳои мӯътамадро пешниҳод кунад, ки пас аз ба охир расидани муҳлати дастури хонашинӣ (локдаун) зарурати баргардонидани кишвар ба низоми маҳдудкунии сесатҳӣ боқӣ мемонад. Се сатҳи мавриди назар инҳоянд: таҳдиди мӯътадил, баланд ва баландтарин.

 Шумори гирифторон ба коронавирус дар Олмон аз як миллион нафар гузашт. Дар мавҷи аввал ин кишвар тавониста буд бо паҳншавии сироят мубориза барад, нишондиҳандаҳои Олмон дар Аврупо яке нишондиҳандаҳои хуб ба ҳисоб мерафт. Аммо ҳоло мақомот эътироф мекунанд, ки онҳо наметавонанд садди роҳи густариши коронавирус шаванд.

Сарвазири Белгия рӯзи ҷумъа бо коршиносони илмӣ ҷаласа доир кард. Ҳадаф аз ин мулоқот барраси ояндаи тиҷорат ва тадриҷан боз кардани корхонаҳои муҳим, ки аз 2 ноябр баста шуда буданд. 

Дар Италия шабонарӯзи гузашта 822 нафар аз КОВИД-19 фавтиданд. Ин баландтарин нишондиҳанда зарфи як ҳафтаи охир гуфта мешавад. 

Фаронса гуфт, ки ҳама тафреҳгоҳҳои лижаронӣ дар айни замон баста мемонанд, ҳатто рӯзҳои ҷашни соли нав ва милоди Масеҳ низ онҳо боз намешаванд. Мақомот гуфтаанд, ки ҳаддиақал то миёнаҳои моҳи январ ин муассиҳои тафреҳӣ баста боқӣ хоҳанд монд. Худи истироҳатгоҳҳо танҳо барои онҳое кор хоҳанд, ки меоянд, то аз ҳавои кӯҳҳо нафас кашанд ва бо лижаҳо қадамзанӣ кунанд. Аз рӯзи оянда лижаронӣ дар Фаронса иҷозат дода мешавад.  

ДарТуркия шабонарӯзи гузашта боз 6592 сироятшудаи нав ба қайд гирифта шуд ва ҳоло шумори мубталоён дар ин кишвар ба 481 198 нафар расида ва 13 191 нафар фавтидаанд. 

 Гурҷистон аз имрӯз, 28 ноябр то 31 январи соли 2021 ҳаракати мошинҳо ба шаҳрҳоро манъ мекунад. Ғайр аз мағозаҳои хӯрокворӣ кулли фурӯшгоҳҳои дигар баста мешаванд. Илова ба ин фаъолияти ҳавзҳои оббозӣ, клубҳо ва муассисаҳои фарҳангӣ низ боздошта мешавад. 

Дар як шабонразӯ дар Русия  27 543 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Ин баландтарин омор аз замони оғози ҳамагирии КОВИД-19 мебошад. Рӯзи ҷумъа дар шаҳрҳои Москав - 7 918, Петербург - 3 687 сироятшудаи навро сабт карданд. Ҳоло дар Русия 2 215 533 нафар мубтало ба Covid-19 буда, аз ин беморӣ то кунун 38 558 нафар ҷон бохтаанд.

Вазири тандурустии Қазоқистон Алексей Сой хабар додааст, ки сироят ба коронавирус дар ин кишвар назар ба моҳи гузашта 3,7 баробар афзудааст. Қазоқистони Шарқӣ, Қазоқистони Шимолӣ, Павлодар, Костанай ва Акмолин минтақаҳое мебошанд, ки сироятшудагони бештар он ҷо ҳаёт ба сар мебаранд. Дар шабонарӯзи гузашта  дар Қазоқистон 813 мубталои нав саб шудааст. 

Қирғизистон аз ошкор шудани боз 377 гирифтори нав хабар дод. Мақомоти тандурустии ин кишвар гуфтанд, ки шабонарӯзи гузашта бештар дар вилояти Чуй (127 нафар) ва пойтахт (100 нафар) сироятшудаи навро сабт кардаанд.