Дар ҳошияи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза дар се марҳила ҷаласаи Ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати пешгирӣ ва табобати гирифторони коронавируси нави COVID-19 ба таври онлайн доир мегардад, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир, сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат ва ҳамзамон ба тариқи онлайн сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо, роҳбарони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва роҳбарони беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок менамоянд. Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати тнадурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар хабар дод.
Манбаъ мегӯяд, дар кори ҷаласаи ситоди вазорат масъалаҳои назорати қатъии беморон, таҳлили амиқи вазъи бемории COVID-19 дар мамлакат, пурзӯр намудани гаштҳои хонагӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Зимни ҷаласаҳои мазкур Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат таваҷҷуҳи роҳбарони муассисаҳои тандурустиро ба масъалаи назорати беморон, пурзӯр намудани чораҳои пешигиркунанда ва дигар масъалаҳо ҷалб намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ва бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас медиҳад.
Маврид ба ёдоварист, ки шумори сироятшудагон ба коронавирус дар Тоҷикистон шоми дирӯз, 4 ноябр 11 180 нафар эълон шуд, ки аз ин 10438 (93,3%) нафар муолиҷа шудаанд.