Covid-19: Шумори мубталоён ба коронавирус дар олам ба 48,5 миллион наздик шуд. Дания ҳама вашақҳои фермаҳои ҳайвонотро мекушад. Дар Порис ҳар 30 сония 1 нафар мубтало ба КОВИД мешавад

Субҳи имрӯз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар дод, ки шумори мубталоёни ба коронавирус КОВИД-19 дар олам ба  48 миллиону 438 ҳазору 944 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун 1 миллиону 231 ҳазору 26 нафар ҷон бохтаанд. Шабонрарӯзи гузашта дар олам 142 ҳазору 207 сироятшудаи нав ба қайд гирифта шуда, аз ин вирус боз 2895 тани дигар даргузаштаанд. Ин манбаъ шумори куллан муолиҷашудагон аз Covid-19-ро 34 миллиону 674 ҳазору 519 нафар эълон кард.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон хабар дод, ки шабонарӯзи гузашта боз 41 нафар ба коронавирус сироят шудаанд ва шумори умумии мубталоён дар кишвар ба нафар 11180 расидааст. Ин манбаъ шоми гузашта аз муолиҷаи 10438 (93,3%)  нафар ва марги 83 тан аз КОВИД-19 иттило дод.  Дар хабари Вазорати тандурустии кишвар гуфта мешавад, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

РАҚАМҲОИ ҶОЛИБ АЗ КОРОНАВИРУС ДАР ОЛАМ

Зарфи як ҳафтаи охир шумори сироятёфтагон ба КОВИД-19 дар олам беш аз 3,3 миллион нафар афзуд, ки ин баландтарин нишондиҳанда аз замони ҳамагирии коронавирус мебошад. Шумори фавтидагон дар ин муддат бештаР аз 45 ҳазор нафар буд, ки 9 ҳазор нафар бештар аз як ҳафтаи пеш аст. Дар ин миён суръати афзоиши сироятёфтагони нав дар аврупо бо гузашта қобили қиёс ҳам набуд (беш аз 1,7 миллион).

Дар Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ аз 26 октябр то 1 ноябр беш 999 ҳазор нафар ба коронавирус сироят шуданд. 

Дар минтақаи Оисёи Ҷанубу Шарқӣ зарфи як ҳафтаи сипаришуда беш аз 381 ҳазор нафар сироят шуданд ва теъдоди умумии беморони мубтало ба КОВИД-19 дар ин қитъаи олам аз 9 миллион нафар зиёд шуд. 

Зарфи 24 соати сипаришуда танҳо дар Британияи Кабир 397 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд. 

Вазири тандурустии Фаронса гуфтааст, ки дар Порис ҳар 30 сония як нафар ба коронавирус сироят мешавад.

Дар Италия шумори беморони нави мубтало ба коронавирус дар як шабонарӯз 28 ҳазору 244 нафар афзудааст.

Ҳукумати Маҷористон дар доираи тадбирҳои мубориза бо сирояти коронавирус аз нимишабӣ то соати 5:00 қуюди шабгардӣ ҷорӣ мекунад, ҳамчунин барҳо ва дгар марказҳои дилхӯшиву фароғатӣ  баста мешаванд. 

Дар Ҷумҳурии Чех аз се як ҳиссаи маргумир аз COVID-19 ҳафтаи гузашта рух додааст. 

Сарвазири Дания Метте  Фредериксен дастур дод, ки кулли вашақҳои мавҷуд дар фермаҳои ҳайвоноти кишварро кушанд. Ин дастур замоне эълон шуд, ки маълум шудааст штамми (навъе аз микроорга­низм) мутатсияшудаи (номи як тағйири генетикӣ) коронавирус аз ҳайвонот ба инсон мегузарад.  

Вазири тандурустии Олмон изҳор дошт, ки кишвар дар остонаи як буҳрон дар мубориза бо коронавирус қарор гирифтааст. Аз аввали моҳи ноябр дар Олмон чораҳои иловагии маҳдудкунанда ҷорӣ шуданд. 

Шабонарӯзи гузашта дар Украина 9524 ҳодисаи нави суироят ба КОВИД-19 ба қайд гирифта шудааст, ки ин ҳадди рекордӣ зарфи як моҳи охир дониста мешавад. 

Замони карантин барои аз хориҷ ба Туркманистон омадагон аз 14 то ба 21 рӯз тамдид шуд. 

Шабонарӯзи гузашта дар Русия аз коронавирус 389 нафар фавтиданд. Дар 85 минтақаи Русия дар 24 соати гузашта 19 768 нафар мубтало ба коронавирус  сабт шудааст. 

Дар Қазоқистон низ ҳамарӯза шумори сироятшудагон ба КОВИД-19 меафзояд. Барои қиёс, аз 28 то 4 октябр табибон 1579 сироятёфта ба коронавирусро дар кишвар ба қайд гирифта буданд. Ҳафтае пас, аз 5 то 11 октябр ба шумори беморони мубтало ба ин вирус 1896 нафар зам шуд. Аз 26 октябр то 1 ноябр дар кишвар  3400 мубталои навро ошкор карданд.

Дар Қирғизистон шабонарӯзи гузашта 495 сироятшудаи нав ба КОВИД-19 ба қайд гирифта шуд. Шумори умумии мубталоён дар ин ҷумҳурӣ ба 60 774 нафар расид. Аз аввали падемия то ба имрӯз дар Қирғизситон аз коронавирус 1163 нафар ҷон бохтанд.