Созмони ҷаҳонии тандурустӣ субҳи имрӯз шумори мубталоён ба КОВИД-19 дар оламро 47 миллиону 326 ҳазору 715 нафар эълон кард. Дар як шабонарӯз дар саросари олам боз 109 ҳазору 64 нафар ба ин вирус сироят шудаанд. То ба имрӯз аз ин беморӣ дар олам 1 миллиону 211 ҳазору 421 нафар фавтидаанд. Шумори ҷонбохтагон дар шабонарӯзи гузашта 1 774 нафар эълон шуд. То кунун 34 миллиону 35 ҳазору 878 нафар аз ин беморӣ пурра шифо ёфтаанд.
Шоми гузашта Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон шумори муолиҷашудагон аз коронавируси нав дар кишварро 10337 (93,1%) нафар эълон кард. Ин манбаъ гуфт, ки шабонарӯзи гузашта 42 сироятшудаи навро ба қайд гирифтааст ва теъдоди умумии мубталоён ба 11096 нафар расидааст. Аз ин беморӣ то кунун дар Тоҷикистон нафар 82 ҷон бохтаанд.
Сарвазири Британияи Кабир Борис Ҷонсон аз 5-уми ноябр то 2 декабри соли равон дар кишвараш чораҳои маҳдудкунанда барои мубориза зидди КОВИД-19 эълон хоҳад кард. Аз рӯзи панҷшанбе сокинони Англия бояд дар хонаҳои худ боқӣ бимонанд. Ба ҷуз рафтан ба ҷойи кор ва ё таҳсил, муроҷиат ба духтур, рафтан ба мағоза ва ё ёрӣ ба наздикон аз маҳалли зист баромадан иҷозат нест. Мағозаҳо (ғайр аз мағозаҳои озуқаворӣ), сартарошхонаҳо, ороишгогҳҳо, варзишгоҳҳо, ҳамчунин ҷойҳои истироҳат ва дилхӯшӣ фаъолияти худро бозмедоранд. Сафари хориҷӣ, ба истиснои сафари корӣ муваққатан манъ аст.
Аз сабаби болоравии сатҳи сироят ба коронавирус аз рӯзи душанбе дар Олмон чораҳои шадиди карантинӣ эълон шуданд.
Идораи гуручӯби Испания даст ба коршиканӣ зад. Кормандони ин идора мегӯянд ҳукумат вазифадор аст ба сабаби афзоиши бесобиқаи маргумир бар асари коронавирус шумори кормандони ин идораро зиёд кунад. Гуфта мешавад, ки дар Испания ҳоло беш аз 1,1 миллион чун сироятшуда ба коронавирус ба қайд гирифта шуда ва то кунун аз ин беморӣ 36 257 нафар ҷон бохтаанд.
Садриаъзаи Австрия Себастян Куртс эълон кард, ки аз имрӯз, 3-уми ноябо дар кишвар низоми инзивоъ ҷорӣ мешавад, то садди роҳи густариши COVID-19 шаванд.
Дар Словакия кулли сокинони аз 10-сола боло аз тест ба коронавирус мегузаранд.
Дар Бельгия, ки як кишвари бештар зарардида аз КОВИД-19 дар қораи Аврупо мебошад, чун дар Фаронса низоми қуюди шабгардӣ ҷорӣ шуд. Шабонгаҳон ҳамаи мағозаҳо, дӯконҳо баста мешаванд. Мағозаҳое, ки мавриди ниёзи аввал нестанд, комилан бастаанд.
Италия ба эълони чораҳои нави шадидтари карантинӣ омодагӣ мебинад. Қарор аст равуо миёни минтақаҳои кишвар қатъ шавад.
Дар Исроил шумори сироятшудагон ба коронавируси нав аз 315 (315636+399) ҳазор нафар боло рафт. Аз ин беморӣ то кунун 2580 нафар фавтиданд.
Дар кулли 84 минтақаи Русия шабонарӯзи гузашта 18 257 сироятшудаи нав ба COVID-19 сабт шуд.
Қазоқистон 442 ва Қирғизистон 436 мубталои нав ба коронавирусро сабт кардаанд.
Шумори гирифторон ба COVID-19 дар Ӯзбекистон ба 67 301 (+200) нафар расидааст.