Тасаввур кардем, ки як бинои тиҷоратии бузург аз ошёнаи сеюм оташ гирифт. Сӯхтор худ ҳодисаи фавқулода изтиробовар аст ва дар як муддати басо кутоҳ аз воҳима одамон ба чор тараф парешон мешаванд. Кас намедонад худро ба кадом дар занад. Ба ҳар даре меравад, одамон бонавбату бо шитоб худро берун мезананд. Дар ин гуна ҳолатҳо воҳима аз худи ҳодиса бештар хатар дорад. Ва дар ин ҳол ду ниҳод – яке хадамоти сӯхторнишонии ВКД ва дигаре дастаҳои имдоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда даст ба амали муштарак мезананд. Садоҳои “Ашан” оташ мегирад, атрофро пахш кардааст ва аллакай дар шабакаҳои иҷтимоӣ аввалин расму наворҳои видеоии он интишор ёфтаанд.
Вале барои имдодгарон ин ҳама дуюмдараҷаанд. Таваҷҷуҳи онҳо бояд дар ду самти кор мутамарказ бошадд: яке хомӯш кардани алангаи оташ ва дигар наҷоти дармондагон бо ҳар василаи имконпазир. Онҳо вазифа гирифтаанд: бояд касе дар ин оташсӯзӣ қурбон нашавад, ҳама бояд наҷот дода шаванд.
Ва инак, дастаҳо саргарми кори худанд. Мошинҳои сӯхторнишонӣ аз чор сӯ ба ҷониби алангаи оташ об мепошанд, имдодгарони Кумита ба ёрии дармондагон мешитобанд ва ду танро аз миёни дуду оташ беосеб ва бо ёрии техникаи махсус аз ошёнаи сеюм ба замин мерасонанд.
Ин сенарияи як сӯхтори бофта буд, ки намояндагони ду ниҳод: Хадамоти сӯхторнишонии ВКД ва дастаҳои наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда тамрин карданд. Макони тамрин Маркази савдои “Душанбе Мол” (АШАН) таъин шуд ва ин бесабаб ҳам набуд. Чанде пештарак дар ҳамин бинои муҳташаму ҳамеша серхаридор сӯхтор ба амал омад ва ҳарчанд дар он одамон осеб надиданд, вале хисоратҳое дошт. Ва агар сӯхторнишонҳо дер мекарданд, дастаҳои имдод таъхир мекарданд, эҳтимоли хатар дучандон мешуд.
Дар ин тамрин 12 адад техникаи ВКД ва 2 адад техникаи махсуси КҲФ ҷалб шуда буданд. Дар хомӯш кардани алангаи “оташ” 120 нафар аз ҷумлаи ҳайати шасхии ВКД ва имдодгарони КҲФ ширкат карданд.
Наҷотдиҳандагони Кумита шартан одамонеро, ки дар ин маркази савдо буданд, ба макони амн интиқол доданд. Онҳо аз ошёнаи сеюми бино ду нафарро, ки ҳангоми “сӯхтор” миёни дуду оташ монда буданд, бо ёрии таҷҳизоти махсус берун оварданд ва наҷот доданд.
Натиҷаи тамрини муштаракро арзёбӣ карданд ва зикр шуд, ки он муташаккил ва бониҳом гузашт.