Шумори сироятёфтагон ба Covid-19 дар Ҳинд ба беш аз як миллион расид. Дар Бразилия змёда аз 2 миллион нафар аз ин беморӣ ранҷ мебаранд. Дар ИМА сирояти шабонарӯзӣ бори дигар ба ҳадди рекордӣ расид. Сарвазири Бртанияи Кабир ба ин умед аст, ки кишвараш то Соли Нав ба ҳоли одӣ бармегардад. Бино ба маълумоти Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинс аз аввали ҳамагирӣ дар олам 13,8 миллион нафар ба вируси корона сироят шуданд ва бештар аз 590 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд.
Як миллиони Ҳинд ва ду миллиони Бразилия ва 3,57 миллиони ИМА
Ҳинд дар сироят ба коронавирус дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм (баъди ИМА ва Бразилия) қарор гирифтааст. Албатта, барои кишваре, ки 1,3 миллиард ҷамъият дорад, шояд ин беш аз як миллион чандон рақами такондиҳанда набошад. Вале мушкил он аст, ки шумори сироятёфтагон ба шиддат меафзоянд. Баъди коҳиши маҳдудиятҳо дар карантин ҳукуматдорон бори дигар маҷбур шуданд дар навоҳии зиёд осебпазир дубора шартҳои карантинро сахттар кунанд.
Шумори сироятшудагон ба КОВИД-19 дар Бразилия аз марзи ду миллион гузашт. Ва ба назар мерасад суръати сироят ба он коҳиш намеёбад, балки ҳамвора рӯ ба афзоиш аст.
Бразилия кишварест, ки тақрибан 210 миллион аҳолӣ дорад ва дар шумори сироятёфтагон ба коронавирус дар олам баъди ИМА дар ҷойи дуюм қарор дорад. Аммо президенти ин кишвар Жаир Болсонар ҳамоно ба камзарар будани вирус таъкид мекунад, ин ҳам дар ҳолест, ки тести худи ӯ ба коронавирус ҳафтаи гузашта мусбат баромад ва президент ба муолиҷа фаро гирифта шуд. Тибқи асноди расмӣ дар Бразилия то кунун аз Covid-19 беш аз 74 ҳазор нафар фавтиданд. Вале коршиносон мегӯянд рақамҳои ғайрирасмӣ беш аз инанд.
Дар ИМА шабонарӯзи гузашта 74,5 ҳазор ҳодисаи сирояти нави коронавирус ба қайд гирифта шуд. Бино ба маълумоти Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинс шумори сироятшудагон ба Covid-19 дар ИМА бештар аз 3,57 миллион нафар мебошад.
Маҳдудиятҳо дар Туркманистон. Аввалин зуҳури Президент бо ниқоб дар телевизион
Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бори нахуст бо ниқоб дар оинаи нилгун зоҳир шуд. Телевизиони давлатии ин кишвар сардори давлатро ҳангоми моҳидорӣ ва тани танҳо намоиш дод, ки ниқоб пӯшида буд. Аммо шарҳ доданд, ки президент ба хотири пешгирӣ аз “чанге, ки олудаи вирус шудааст” ниқоб пӯшид.
Баъди анҷоми моҳидорӣ раиси ҷумҳур ба хонаи кӯдакон рафт ва моҳиҳои шикоркардаи худро ба онҳо супурд.
Ҳафтаи ҷорӣ дар Туркманистон низ пӯшидани ниқоб ва риояи фосила қонунӣ шуд ва дари тарабхонаву каҳвахонаҳо ва бозорҳо баста шуданд. Телевизиони давлатӣ саҳнаҳоеро аз поккорӣ бо доруҳои кимиёвӣ аз ҳавопаймо намоиш дод.
Турманистон ва Кореяи Ҷанубӣ ду кишваре мебошанд, ки тадбирҳои зидди коронавирус меандешанд, вале иттило медиҳанд, ки дар кишварашон ягон нафар ба ин беморӣ сироят нашудааст.
БЕШТАР ДАР ИН БОРА:
-
Ситораи Боливуд Амитбах Баччан, писар ва келини вай ба коронавирус мубтало шуданд
-
ҲУШДОР: Хатари коронавирус ҳамоно таҳдид мекунад. Эҳтиёт кунед! (ВИДЕО)
-
Нигаронии Созмонии ҷаҳонии тандурустӣ аз афзоиши КОВИД-19 дар 11 кишвари Аврупо ва мамолики пасошӯравӣ
-
Кумаки идораи дипломатии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург ба ҳамватанон дар аёми коронавирус
-
Ёддоштҳои табодулӣ миёни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Япония барои мубориза бо СOVID-19 ба имзо расиданд
-
Консулгарӣ ва муҳоҷират: Як идораи дипломатӣ чӣ хизмате ба муҳоҷирин дар аёми буҳрони короновирус тавонист анҷом диҳад? Бахши охир