Вирусшиноси чинӣ аз авҷи нави коронавирус ҳушдор медиҳад

Вирусшиноси чинӣ аз Вуҳон Ши Чжэнли мегӯяд  пандемияи коронавирус, ки имрӯз шоҳидаш мебошем, ҳоло ба мисли он аст, ки мо нӯги яхкӯҳро мебинем ва азамати  ин кӯҳи яхӣ бароямон рушан нест. Ши Чжэнли ва ҳамкораш Суй Сзе боз ҳам дар хуффошҳо вируси SARS кашф кардаанд ва мегӯянд ин метавонад оғози дигаре ба мусибатҳои инсонӣ бошад.

Дар мақолае, ки ин вирусшинос ахиран навишт, мегӯяд, ки он чӣ дар олам мегузарад ва таҳдидҳои беҳдоштие, ки коронавирус КОВИД-19 ба ҷаҳониён овардааст, ҳанӯз нӯги яхкӯҳ аст, ки дида мешавад. Башар ҳамоно аз азамати ин кӯҳи яхӣ хабар надорад ва намедонад оянда он чӣ мусибатҳои ба ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад оварад.  Ҳама коронавирусҳое, ки то кунун мо медонем, онҳоро пажӯҳиш кардаем, дар оянда рушд хоҳанд кард ва мутаассифона хеле ба осонӣ  аз ҳайвон ба инсон мегузаранд.

Ин донишманди чинӣ ҳоло ба ин назар аст, ки худи инсон сабаби аслии бадбахтиҳо ва ноҷӯриҳо дар саломатии худ аст. Маҳз инсон аст, ки бо олами ваҳшӣ сарукор гирифтааст ва ин ҳайвоноти ваҳшӣ аз маконҳои худ беҷо шудаву аз ноилоҷӣ миёни мардумон макон мекунанд ва сабабгори сирояти ҳар гуна вирусу бемориҳо мешаванд.

Танҳо зарфи чанд моҳи охир хуффошҳо сабабгори авҷи 6 навъи бемории КОВИД-19 шудаанд. 

 

БЕШТАР ДАР ИН БОРА: