Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бо изҳори нигаронӣ аз авҷи сироят ба коронавирус эълон кард, ки дар саросари олам ҳоло беш аз 5 миллион нафар мубталои ин беморӣ шудаанд. Зарфи як шабонарӯзи гузашта дар кулли кишварҳои ҷаҳон 106 ҳазор нафар чун мубталои нав ба КОВИД-19 ба қайд гирифта шудаанд. Дар ҳамин ҳол Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинз хабар дод, ки шумори сироятёфтагон ба вируси короно дар дунё аз 5 миллион гузаштаву бар асари ин беморӣ бештар аз 328 ҳазор нафар фавтидаанд.
Сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебреисус изҳор дошт, ки рушди бемрӣ дар кишварҳои фақир нигаронкунанда аст. Агар пештар маркази авҷи беморӣ ИМА ва Аврупо буд, ҳоло он ба кишварҳое чун Бразилия гузаштааст.
Дар ИМА аз Covid-19 беш аз 93 ҳазор нафар фавтидаву ба он зиёда аз якуним миллион нафар сироят шудаанд.
Дина Бразилия шоҳиди болотарин омори мраг бар асари короновирус буд. Зарфи як шабонарӯз дар ин кишвар 1179 нафар фавтиданд ва аз оғози ҳамагирӣ то кунун аз ин беморӣ дар Бразилия 18 ҳазор нафар аз олам рафтанд.
Президенти Бразилия Жаир Болсонар зидди он аст, ки дар кишвараш карантин эълон шавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки болотарин омори маргумир ва сироят дар миёни кулли кишварҳои қораи Амрико Бразилия аст ва дар ҷаҳон дар омори сироятёфтагон дар ҷойи сеюм қарор дорад.