Боз хабари марги ногаҳониву фоҷеавӣ як хонаводаро дар мотам нишонд. Духтари 16-сола дар дарёи Вахш дар об ғарқ шуд ва ин сеюмин рӯз аст, ки пайвандонаш дар азо нишастаанд. Иллати ин ҳодиса маълум нест. Танҳо вақту макони он мушаххас аст. Ба ҳар сабабе ҳам бошад, риштаи ҷони боз як ҷавон канда шуд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки сокинон қоидаҳои ҳузур дар соҳили рӯду каналҳоро ҷиддан риоя кунанд, то аз чунин ҳаводиси фоҷеанок пешгирӣ шавад.
Соати 11:50 дарқиқаи рӯзи 30-уми марти соли равон ба қисми навбатдории фаврии Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кулоби вилояти Хатлон хабар доданд, ки як духтари ноболиғ дар қисмати обанбори Сангтӯда-2 дарёи Вахш дар об ғарқ шудааст. Бино ба хабар ин ҳодиса субҳи рӯзи 29-уми марти соли равон, тахминан соати 10 ба вуқуъ пайвастааст ва аз сарнавишти духтар иттилое дар даст нест.
Баъди дарёфти хабари телефонӣ Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон ва Дастаи зудамали наҷоти Шуъбаи Кумита дар минтақаи Кулоби вилоят ба ҷои ҳодиса сафарбар гардидаанд.
Дар натиҷаи роҳандозии корҳои ғаввосӣ ва давр задани атрофи минтақа тақрибан соатҳои 13:20 дақиқа ҷасади номбурдаро дар чуқурии 15-20 метр пайдо ва ба мақомоти дахлдор ва хешу наздиконаш супорида шуд.
Маълум гардид, ки марҳум сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Данғара буда, ҳамагӣ 16 сол доштааст. Бино ба иттилои пешакӣ номбурда дар наздикии обанбори Сангтӯда-2 дарёи Вахш ба сабабҳои номаълум ба об афтодаву ғарқ шудааст.
Сабаби ин ҳодиса дақиқан маълум нест. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои аниқ кардани сабаби ғарқи об шудани духтари ноболиғ тафтиш оғоз кардаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гузинаи беэҳтиётӣ ҳангоми сайр дар соҳили дарёро яке аз сабабҳои ин ҳодисаи нохӯш медонад, ки сабаби марги як ноболиғ шудааст. Эҳтимол меравад номбурда ҳангоми сайри соҳил қоидаҳои будубош дар наздикии махзанҳои обро риоя накардааст ва бар асари тасодуф лағжидаву дар об фурӯ рафтааст. Надонистани қоидаҳои ғаввосӣ ҳам метавонад сабаби ин рӯйдоди нохушоянд бошад. Аз ин рӯ, Кумита аз шаҳрвандони бо эҳтиром хоҳиш мекунад ҳангоми ҳузур дар соҳили рӯдхонаҳо ва кӯлу каналҳо ҳамеша боэҳтиёт бошанд ва қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.