Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар доираи татбиқи “Стратегияи муқобила бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2013-2020” мулоқоти ҳайати шахсӣ бо намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе подполковники адлия Носир Алишер Қаҳҳор баргузор шуд.
Дар ин вохӯрӣ масъалаҳои пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ ҳангоми фаъолиятҳои касбӣ ва моливӣ-хоҷагӣ баррасӣ шуданд. Илова ба ин масоили роҳ надодан ба вайрон намудани талаботҳо ба рафтори хидматӣ ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хидматӣ, аз кор озод кардан барои аз даст додани боварӣ, низоми гузаронидани тафтиши маълумотҳои пешниҳодшуда ба шахсони мансабдор мутобиқ ба “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2013-2020” баррасӣ гардиданд.
Маврид ба ёдоварист, ки дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои бартараф намудани сабабҳо ва омилҳое, ки зояндаи коррупсия ва сӯистифода аз мансабу вазифа аз ҷониби соҳибмансабони сатҳҳои гуногуни раёсат шуда метавонанд, чорбабиниҳо гузаронида мешаванд.