Пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолӣ. Канали Сарикиштиро тоза мекунанд

Бо мақсади омодагиҳо барои пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолӣ, коҳиши сатҳи об ва ҷилавгирӣ аз хатари боронҳои шадиди селовар кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо намояндагони мақомоти ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Рӯдакӣ ва Раёсати беҳдошти замин ва обёрии ноҳия даст ба тоза намудани канали Сарикиштӣ заданд.

Бо ҷалби нерӯҳо ва воситаҳои зерсохтори Системаи ягонаи пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия дар деҳаи Сарикиштии болои ҷамоати Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ, ки 53 хоҷагӣ зери хатари эҳтимолӣ қарор доранд, омӯзишҳои ғайринақшавӣ роҳандозӣ гардид. 

Барои пешгирӣ аз офатҳои табиӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ 500 литр сӯзишвории дизелӣ ва  Раёсати беҳдошти замин ва обёрии ноҳия як адад экскватор ҷудо карданд. 

Бо ёрии экскватор наздик ба 1000 метр канал аз ҳар гуна ифлосиҳо, хасу хошок, сангу рег тоза карда шуд. Дар канораҳои канал дар масофаи бештар аз 300 метр монеъаҳо ва партовҳо пок карда шуданд. Ин корҳо ба он хотир гузаронида шуданд, ки дар сурати боло рафтани сатҳи об дар боронҳои  шадид маҳалли аҳолинишин ва заминҳои кишоварзиро хатар таҳдид накунад. 

МАЪЛУМОТНОМАИ МО: Тӯли канали Сарикиштӣ 8600 метр буда, барои обёрии наздик ба 100 гектар заминҳои кишоварзӣ пешбинӣ шудааст.

барчасп: