Асри рӯзи гузашта, дақиқан соати 17:40 дақиқа дар километри 22- ми роҳи мошингарди Лаби Ҷар - Сангвор-Дарвоз аз сабаби боришоти пуршиддат сел омад ва роҳи мазкурро барои ҳаракати нақлиёт ба мушкил рӯ ба рӯ кард.
Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилӣ (МДНРА)-и ноҳияи Сангвор барои роҳандозии корҳои поксозӣ ва таъмини амнияти роҳ як адад нақлиёт эъзом кард ва то соати 22:00 роҳ пурра аз сангу рег тоза карда шуд ва мошинҳо аз ду тараф ба ҳаракати худ идома доданд.
Дар минтақаи зикргардида, ки хавфи дубора омадани селро дорад аз ҷониби МДНРА-и ноҳияи Сангвор бо як адад нақлиёти муҳандисӣ навбатдории шабонарузӣ ташкил карда шудааст.
Дар айни замон роҳи мазкур боз аст.