Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати роҳандозии корҳои таблиғотӣ ва пешгирӣ аз сироят ба коронавирус бахши навбатии филми тасвириро барои кӯдакон пешкаш мекунад. Филми тасвирӣ аз ҷониби ҳамкасбони мо аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кумаки Хазинаи кӯдакони СММ - ЮНИСЕФ таҳияи шудааст.