Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Ду рӯзи оянда аз сафарҳои безарурат худдорӣ кунед!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии ҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 то 26-уми марти соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳаво ноустувор хоҳад буд, боронҳои шадид меборанд, раъду барқ ва бориши жола низ дар назар дошта шудааст.

Бориши шадид дар маҳалҳои кӯҳӣ ва талу теппаҳо метавонад боиси ҳаракати хок шавад ва сатҳи обро дар рӯдхонаҳо ва кӯлҳо боло барад. Боронҳои шадид хавфи лағзиши тарма ва резиши сангро афзун мекунанд. Ҳамзамон  кори чорвопарварон ва заминкорон ба мушкил рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Бахусус дар ин гуна ҳолатҳо чорвочаронӣ дар саҳро хатарро бештар мекунад.  

 Болоравии сатҳи оби дарёҳо ва кӯлҳо метавонад заминҳои соҳилро зери об кунад, ҳамчунин хавфи канда шудани сарбандҳо аз эҳтимол дур нест. 

Дар ҳамин иртибот КҲФ ба шаҳрвандони ва меҳмонони кишвар тавсия намедиҳанд, ки дар ин гуна ҳолатҳо дар назди обанборҳо ва соҳилҳои пурхурӯши дарёҳо моҳидорӣ накунанд.

Кумита аз шаҳрвандони бо эҳтиром хоҳиш мекунад одитарин қоидаҳои бехатарии шахсиро риоя кунанд, аз рафтан ба куҳҳо, ҷамъоварии занбӯруғ ва дигар рустаниҳое, ки дар кӯҳу теппаҳо мерӯянд, худдорӣ намоянд. Ба бачаҳо бештар таваҷҷуҳ кунед ва онҳоро беназорат нагузоред. 

Ҳамчунин КҲФ ба шаҳрвандоне, ки дар рустоҳо ва минтақаҳои кӯҳӣ ҳаёт ба сар мебаранд, тавсия медиҳад, ки ҳамеша мӯзаҳои резинӣ дошта бошанд, телефонҳои мобилии худро фаъол нигоҳ доранд, то дар ҳоли зарурат тавонанд ба ҷойҳои лозим иртибот бигиранд, ҳамдигарро аз ҳар гуна хатарҳои эҳтимолӣ хабардор созанд, дорухонаи манзили зистро бо доруҳои ниёзи аввал пур кунанд.

Кумита аз сокинон хоҳиш мекунад ба хотири пешгирӣ аз ҳар гуна хатарҳои эҳтимолӣ ҷӯйбору каналҳои худро аз хасу хаспора ва лою гил пок нигоҳ доранд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои нохӯш, ҳар гуна садамаҳо дар роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо аз ронандагон хоҳиш мекунад равуои худро шабонгаҳон маҳдуд созанд. Ҳама қоидаҳои бехатариро риоя намоянд ва бахусус ба боло бурдани суръати ҳаракат роҳ надиҳанд. 

Кумита ба шахсоне, ки гирифтори бемориҳои дил мебошанд тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд ва ҳамеша доруҳои заруриро бо худ дошта бошанд. 

Ҳамеша ба ахбори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати нақлиёт таваҷҷуҳ намоед.

Дар ҳоли рӯ ба рӯ шудан ба ин ё он ҳодисаи фавқулода ва хатарнок ба шумораи 112 ва ё телефонҳои Қисми навбатдории КҲФ:

93 880 28 19
223 13 11
занг занед.

барчасп: