Дар қисми низомии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд.
Чорабинӣ бо ироаи суруди миллӣ оғоз гардид. Сараввал полковкник Собирзода Ширинҷон Собир - муовини сардори Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ ба сухан баромада, табрикоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода, Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва Роҳбарияти Раёсатро ба самъи афсарон ва сарбозон расонид.
Дар он сунатҳои наврӯзии 7-сину 7-шин, ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуда, бо ҷалби духтаракони фаъоли шаҳраки Гулистон чорабинии “Чакомаи гесӯ” низ гузаронида шуд.
Дар идома аз тарафи духтарон таомҳои миллӣ омода карда шуд.
Бахши дигар и чорабинӣ фарҳангиву фароғатӣ буд, ки дар он ҳунармандони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Гулисон ширкат карданд.
Барои сарбозон дастархони идонаи наврӯзӣ ороста шуд.
Шаҳзода Нуриддинзода