Мудҳиштарин садамаи мошин дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, ки ҷони 6 нафарро рабуд. Ҳодиса дирӯз баъди зуҳр руӯ дод ва то кунун сабаби он дақиқан маълум нест. Аммо метавон ҳадс зад, ки ронандаи яке аз ин ду мошин натавонист дар ҳолати изтирорӣ мошини худро идора кунад. Шаш нафаре, ки ҳалок шуданд, шахсони болиғ, яқинан соҳиби зану фаранданд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб ҳар рӯз ба ронандагон муроҷиат мекунад, ки ҳангоми ҳаракат қоидаҳои бехатариро риоя кунанд, фосилаи байни ду мошин бояд ҷиддан риоя шавад, то дар ҳоли пеш омадани ҳодисаи ногувор тавонанд мошинро ба самти бехатар равона созанд. Вале мутаассифона, на ҳамеша ин тавсияҳо шунида мешаванд.
Рӯзи 17-уми марти соли 2020 соати 16:45 дақиқа дар мавзеи деҳаи Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристон, воқеъ дар километри 191 шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд автомашинаи тамғаи Опел-Зефира рақами давлатиаш 18-23 СВ 01, ки аз ҷониби сокини 45-солаи шаҳри Душанбе Иброҳимов Мамадризо Саидович идора карда мешуд, ба автомашинаи боркаши Дулан рақами давлатиаш 34-00 ВК 03, ки ронандаи он Бозоров Меҳрубон Қурбонович соли таввалудаш 1985, истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар, деҳаи Гулистон буд, бармехӯрад.
Дар натиҷаи садама ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Зефира ва 5 нафар мусофиронаш: Раҳимов Икромҷон Ҷурабекович соли таввалудаш 1978, истиқоматкунандаи кўчаи Навободи шаҳри Исфараи вилояти Суғд, Эргашев Абдуғафур Абдуллоҷонович соли таввалудаш 1999, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, Файзиев Маҳмадсаид Раҳмонович соли таввалудаш 1978, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, Сайфуллоева Гулсуной соли таввалудаш 1976, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ва Назаров Фаррух Раҳматуллоевич соли таввалудаш 1999 истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои садамаро мавриди таҳқиқ қарор додаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пайвандони фавтидагон дар ин садамаи мудҳиш изҳори тасаллият мекунад ва ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хоҳон аст!