Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамрини муштараки байналмилалии махсуси тактикии вазоратҳои мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат карданд.
Дар ҷараёни омӯзиш дар назди наҷотдиҳандагони Кумита вазифа гузошта шуда буд, ки ба зарардиагону ҷабрдидагон дар вақти амалиётҳои шартии ҷангӣ ёриҳои аввалини тиббӣ расонанд ва одамонро аз маҳалҳои офат ба маконҳои амн интиқол диҳанд.
Дар рафти амалиётҳо ва роҳандозии корҳои садамавиву наҷот аз техника ва таҷҳизоти махсус истифода шуд.
Кормандони идораи наҷоти кишвар маҳоратҳои худро дар сатҳи баланд нишон доданд ва аз уҳдаи иҷрои вазифаи гузошташуда баромаданд.