Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода: Хатари тарма ва резиши санг боқӣ мондааст!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо истинод ба маълумоти Агентии ҳавосанҷии кишвар хабар медиҳад, ки дар натиҷаи ҳавои тағйирёбанда ва коҳиши ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи марказ, қисмати ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Душанбе-Хоруғ, Ванҷ-Хоруғ, Рӯшон-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб хатари лағзиши тарма ва резиши санг боқӣ мемонад. Дар ҳамин иртибот Кумита бори дигар бо эҳтиром аз аҳолӣ хоҳиш мекунад аз сафарҳои безарурат, сайру саёҳат ба минтақаҳои хатарнок ва ғунучини ҳезум, алафҳои дорувор ва шикор худдорӣ кунанд. Ронандагон бояд ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ва ё минтақаҳои тармарез фасилаи муайяншуда байни мошинҳоро риоя намоянд. Хеле эҳтиёткор бошед ва мошини худро дар ин гуна роҳҳо оҳиста ронед. Ғайр аз ин КҲФ аз аҳолии наздикӯҳӣ ва кӯҳӣ хоҳиш мекунад, бомҳои хонаҳои худро аз назар гузаронанд. Ба соҳибони биноҳои якошёна тавсия дода мешавад, ки сари вақт бомҳои худро аз ғарами барф тоза кунанд ва онро бехатар гардонанд. Падару модарони муҳтарам! Бахусус, онҳое, ки дар минтақаҳои тармазо ҳаёт ба сар мебаранд! Кӯшиш кунед бачаҳои худро беназорат нагузоред. Агар шумо онҳо ба мактаб ва ё бозӣ танҳо мефиристед, пас аввал аз хатари эҳтимолии лағзиши тарма ва резиши санг огоҳ созед, ҳамроҳашон дар атрофи ин мавзӯъ бештар суҳбат кунед, то эҳтиёткору дурандеш бошанд. Ҳаёти худ ва атрофиёни худро дар хатар наандозед! Агар шумо шоҳиди ҳодисаҳои фавқулода шудед, ба хадамоти наҷоти КҲФ аз тариқи телефонҳои:

   112, 

223 13 11;

221 91 19;

93 880 28 19     хабар расонед

барчасп: