Пурсиш ва посух: Оё имкони дақиқ кардани миқдори барф дар кӯҳҳои кишвар ҳаст?

Ба сомонаи мо аз тариқи гӯшаи “Савол дар Раиси Кумита” аз номи муаллими фанни ҷуғрофия АСРОР РАҲМОНҚУЛОВ ба ин мазмун нома расид: Мухтарам генерал! Ман муаллимам ва аз география дарс мегӯям. Як савол доштам мумкин ин савол барои дигарон низ ҷолиб бошад. Як бор дар кадом хабари сайтатон хонда будам, ки ҳоло имконияти аниқ кардани микдори барф дар кӯҳҳои Тоҷикистон ҳаст. Оё ин дуруст аст? Агар дуруст бошад, кӯҳҳои мо чӣ кадар барф доранд? Ва дигар: барфи кӯҳҳо чӣ гуна ҳисоб карда мешавад? Аз ҷиҳати илмӣ ин кадом илм ё кадом техника мебошад? 

Бо эҳтиром Асрор Раҳмонқулов

ПОСУХ:

Муҳтарам Асрор Раҳмонқулов

Ба суолатон дар мавриди аниқ намудани миқдори барф дар куҳҳои Тоҷикистон чунин посух медиҳем, ки дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази яхшиносӣ фаъолият мекунанад.

Аз тарафи мутахассисони ҳамин Марказ дар фасли зимистон ҳармоҳа ва ҳамасола дар охири моҳи март мушоҳидаҳои аэровизуалӣ ҷиҳати муайян намудани захираи барф дар ҳавзаҳои дарёҳои Тоҷикистон бо истифода аз чархбол гузаронида мешавад.

  Шумо метавонед барои дарёфти посухи дақиқтар ба пурсишатон ба ин марказ муроҷиат намоед.

Саломат бошед.

***   ***   ***

Корбарони муҳтарам! Шумо ҳам метавонед дар бораи ҳолатҳои фавқулода, офатҳои табиӣ, фаъолиятҳои Кумита ҳар суоле дошта бошед бо суроғаи savol@khf.tj ироа кунед ва мунтазири посухҳои мо бошед. Ба суолоти Шумо шахсан Раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва ё масъулону мутахассисони дигар Кумита посух хоҳанд дод. Посухҳо бо суолатон дар сомона мунташир мешавад.

барчасп: