Бирав аз таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир...

Собиқадарон касонеанд, ки мӯйи сиёҳ дар кор сафед карда ва таҷрибаи зиндагӣ омӯхтаанд. Таҷрибаи онҳо барои ҷавонон омӯхтанист, нақли онҳо ҳамеша барои насли имрӯз шуниданист. Бахусус, онҳое, ки умре дар низоми ҳарбӣ кору хизмат кардаанд, мактаби муҳими мардонагиро пушти сар гузоштаанд. Ва табиист, ки нақли онҳо ва рӯзгори онҳо барои наслҳои ҷавон пандест фаромӯшношуданӣ. Ин аст, ки дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти афсарони ҷавон бо сарварон ва намояндагони Шӯрои собиқадорони КҲФ дар ҷаъомади таълимӣ  баргузор гардид. Дар он раиси Шӯрои собиқадорони КҲФ полковник М. Мирзоев, полковник М. Тоҷиддинов ва подполковник Н. Иброҳимов ширкат намуданд.

Раиси Шӯрои собиқадорони КҲФ, полковник Мирзоев М.  дар сухани муқаддимавии худ гуфт: “Мулоқот бо шумо, афсарони Кумита хотироти мо – собиқадоронро бедор намуда, лаҳзаҳои зиндагӣ, давраҳои фаъолияти худро дар сафҳои хадамоти мудофиаи гражданӣ дубора пеши рӯ овардем”.

Полковник М. Тоҷиддинов ва подполковник Н. Иброҳимов гуфтанд, ки ҷавонон идомадиҳандаи кори пешиниён, пирону устодони хешанд. Дар ин толор аксаран касонеро мебинем, ки бо дили гарм ба хизмат омада ва тайёранд барои шукуфоии Ватан ҳама қувваву маҳорати худро сарфа намоянд.

Собиқадорон хеле қиссаҳои ширинро аз рӯзгори гузашта ҳикоят карданд. Ба ҷавонон дар бораи солҳои мушкили ҷанг нақл карданд, ки афсарони Кумита дар баробаробари ҳифзи қаламрави кишвар аз офатҳои табиӣ, боз барои амнияту суботи он дар талош буданд.

Онҳо дар бораи мушкилиҳои хизмати ҳарбӣ, ҳодисаҳои ҷанги шаҳрвандӣ нақлҳо намуданд. Полковники собиқадор  Тоҷиддинов М., ки айни замон марди солманд мебошад, аз шириниҳову хушиҳои рӯзгори худ қиссаҳо намуд, давраи хеле ҷавон ба хизмати ҳарбӣ даъват шудан ва то нафақа баромадан дар вазифаҳои гуногун ифои вазифа кардан, ҳамзамон, сангардорӣ дар даврони ҷанги шаҳрвандиро ёдовар шуд.

Кормандони ҷавони Кумита дар анҷоми ин ҷамъомад ба собиқадорон барои мулоқоти хуб ва самимӣ изҳори ташаккур намуданд.

барчасп: