Зарфи чанд рӯзи охир густариши короновирус дар баъзе кишварҳои олам сабаби овозаҳои воҳиманок шудааст ва мардум бо шунидани номи карантини эҳтимолӣ рӯ ба бозору мағозаҳо овардаанд ва ҳар чизе барои хӯрдану ошомидан зарур аст, харидорӣ мекунанд. Бахусус, дирӯз қариб дар аксар шаҳру навоҳии кишвар тараддуди сокинон қобили ҳеч қиёсе набуд. Беш аз ҳадди интизор захира кардани орду руғану дигар маҳсулот наметавонад нигаронкунанда набошад. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон ҳоло ягон ҳодисаи сироят ба ин вирус ба қайд гирифта нашудааст ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама чораҳоро меандешад, то мубориза зидди он самаровар бошад.
Болоравии якбора нархи баъзе маҳсулоти озуқа ниҳодҳои давлатиро нигарон кард. Вазорати тандурустии кишвар бо пахши изҳороте сокинонро ором кард, ки ин воҳимаҳо ба вирус иртибот надоранд, чун вирус дар Тоҷикистон дида нашудааст. Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҷавоб ба муроҷиати шаҳрвандон гузоришеро расонаӣ кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:
Мувофиқи омори расмӣ маҳсулоти ниёзи аввал, аз ҷумла орд, равған, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, шакар, тухм ва сабзавотҳо дар сатҳи зарурӣ ва баъзе намуди онҳо аз меъёрҳои тавсиявии истеъмолӣ зиёдтар таъмин мебошанд.
Дар соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли ғалла дар дохили кишвар 1,4 млн. тонна, аз ҷумла гандум 836,2 ҳазор тонна ва воридоти он 1,1 млн. тоннаро ташкил дод. Истеҳсоли орд (бо назардошти коркарди гандуми воридотӣ) тибқи ҳисобҳо тахминан ба 1,5 млн тонна баробар гардид, ки нисбат ба соли 2018 132 ҳазор тонна зиёд аст.
Ҳаҷми истеҳсол ва воридоти равғани рустанӣ дар соли 2019 то 120 ҳазор тонна ё нисбат ба соли 2018 28 ҳазор тонна зиёд шуд.
Дар соли 2019 истеҳсол ва воридоти гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ 168,3 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2018 11 ҳазор тонна зиёд ва тухм ба 766 млн. дона баробар гардид (аз ҷумла 726 млн дона истеҳсоли дохилӣ ва 40 млн дона воридот), ки нисбат ба соли 2018 281 млн. дона афзоиш ёфтааст.
Овозаҳо оид ба манъи воридот асос надоранд. Зеро ҳаҷми воридоти молу маҳсулот ба Тоҷикистон дар соли 2019 нисбат ба соли 2018 106,3 фоиз, аз ҷумла дар моҳи январи соли 2020 нисбат ба ҳамин моҳи соли гузашта 120 фоиз афзоиш ёфтааст. Ҳамзамон қайд менамоем, ки ҳиссаи воридоти маҳсулоти хӯрока дар ҳаҷми умумии воридот аз Хитой ночиз, яъне ҳамагӣ 0,3 фоиз аст, чунки маҳсулоти хӯрока, аз ҷумла гандум ва орд асосан аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ворид мегардад.
Дар маҷмӯъ барои таъмини эҳтиёҷоти бозори истеъмолӣ дар Тоҷикистон захираву иқтидорҳои зарурии истеҳсол ва нигоҳдории молу маҳсулот мавҷуд буда, овозаҳо асос надоранд.
Дар бозорҳо ва нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти озуқаворӣ реҷаи муқаррарии корӣ давом дорад ва шаҳрвандон метавонанд ҳамарӯза эҳтиёҷоти истеъмолии худро қонеъ намоянд...
Ҳамин гуна изҳори назарҳо дар чанд шабакаи тлевизионӣ низ буд ва мутахассисон дар бораи роҳҳои пешгирӣ аз сироят ба вирус ҳарф заданд. Ва ҳамеша ба як нуктаи муҳим таъкид мешуд: БА ВОҲИМА ДОДА НАШАВЕД!
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба шаҳрвандони кишвар муроҷиат мекунад, ки ҳангомаҳо дар аксар маврид боиси масрафоти ноҷо мешаванд. Ва агар шумо дар ҳақиқат мехоҳед, ба вируси короно сироят нашавед, пас беҳтар аз ҳама вазъи саломатии худро беҳтар кунед. Қоидаҳои беҳдоштро риоя намоед. Ба покиву покизагӣ диққат диҳед, тавсияҳои духтуронро, ки ҳамвора аз тариқи шабакаҳои телевизониву радиоӣ пахш мешаванд, иҷро кунед.
Аз сӯи дигар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои муҳим барои пешгирӣ аз сироят ба короновирусро мунтазам аз тариқи сомонаи худ ба сокинони кишвар хоҳад расонд.
Бо ҳам будан ва дасти ҳам гирифтану ба маслиҳату машварати якдигар гӯш додан гарави аслии пирӯзӣ бар ҳама бемориҳост!