Агентии ҳавосанҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 5-8 марти соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои боронӣ дар назад дошта шудааст, дар минтақаҳои гуногун борону барф меборад. Бахусус рӯзҳои 8-9 март ҳаво тағйир меёбад, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Дар ағбаҳои кўҳии ноҳияҳои тобеъи марказ, шоҳроҳҳои Душанбе–Хуҷанд, Нуробод-Тавилдара ва дар баъзе ноҳияҳои ғарбии ВМКБ лағзиши тарм аз эҳтимол дур нест.
Ба назар мерасад даҳаи аввали моҳи марти соли равон ҳаво дар кишвар баъди гармии рӯзҳои аввали март тағйир меёбад ва муддате сокинонро лозим меояд ба ҳавои нисбатан сарду пурбориш муросо кунанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат мекунад: Дар рӯзҳое, ки ҳаво тағйирёбанда аст ва гоҳ борону гоҳ барф дар назар дошта шудааст, аз сафарҳои бидуни зарурат аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд. Бахусус лағзиши тарма метавонад барои мусофирон хатарнок бошад.
Ронандагони мошинҳо ҳангоми ҳаракат бояд ҷиддан фосиларо риоя кунанд. Ҷони худ ва ҷони ҳамсафарони худро дар хатар нагузоранд.
Сокинони ноҳияҳои кӯҳӣ бояд муддате аз роҳандозии корҳои саҳро, шикор, моҳидорӣ ва ғайра худдорӣ намоянд.
Ҳавои рӯзи оянда дар саросари кишвар тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
6-уми март дар шаҳри Душанбе ҳавои абрӣ, шабона ва субҳ борон меборад ва он баъзан ба барфи тар табдил мешавад. Шамол аз самти ғарб суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорат шабона 0+2°, рӯзона 8+10 дараҷа гарм мешавад.
Дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ низ ҳавои абрӣ дар назар дошта шудааст, дар водиҳо гоҳ борон ва гоҳи дигар барф меборад, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Вазиши шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония. Ҳарорат дар водиҳо шабона 0+5°, рӯзона 6-11 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5° хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Хуҷанд ҳавои тайирёбанда, гоҳ барфу гоҳ борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 м/c ва дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати то 10-15м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1+3°, рӯзона 8+10° гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд низ ҳаво абрист, дар баъзе ноҳияҳо барф ва борон меборад, қисма туман мефарояд ва ҳаракат дар роҳҳои кӯиҳиро мушкил мекунад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад, дар баъзе ноҳияҳо шиддати шамол то ба 10-15м/с мерасад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1+6°, рӯзона 6+11° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0 - 5° сард, рӯзона 0+5° гарм мешавад
Ҳавои шаҳри Хоруғ абрӣ, вале бебориш. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 4-6° хунук, рӯзона 8+10° гарм мешавад.
Дар ноҳияи Мурғоб ҳавои абрист, каме борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 38 м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 17-19°, рӯзона 0-2° сард мешавад.
Дар ноҳияҳои дигар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7°, рӯзона 6+11° гарм, дар шарқи вилоят шабона 14 - 19° сард, рӯзона -3+2° гарм мешавад.
ш. Бохтар – Ҳавои қисман абрнок, борони кӯтоҳмуддат борида, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона 4+6° гарм, рӯзона 13+15° гарм мешавад.
Дар шаҳри Бохтар низ ҳавои абрӣ дар назар дошта шудааст, туман мефарояд, борони кутоҳмуддат меборад. Ҳаво шабона 4+6°, рӯзона 13+15 дараҷа гарм мешавад.
Дар дигар навоҳии вилояти Хатлон ҳаво қисман абрнок. Дар водиҳои вилоят борони кутоҳмуддат меборад, дар доманакӯҳҳо гоҳ барфу гоҳ борон, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 2+7° гарм, рӯзона 12+17° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -2+3°, рӯзона 2+7° гарм мешавад.