Субҳи рўзи 3 марти соли равон кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҷиҳати санҷиши ҳолати омодагии зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода дар мавзуи «Амали ҳайати роҳбарикунандаи мақомот, қувва ва воситаҳои зернизоми ҳудудии Низоми ягона ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодда ва эвакуатсияи аҳолӣ аз ҳолатҳоли фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ» тамрин роҳандозӣ карданд.
Кормандони Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумита ҷиҳати расонидани ёрии амалию методӣ дар ҳуҷҷатгузориҳо дар самти ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда ва омода намудани зинаҳои вазифавии зернизоми ҳудудӣ, комиссияи ҳолатҳои фавқулодда, комиссияи эвакуатсионӣ, ҷамоатҳои деҳот ва иншоотҳои иқтисодии ноҳия ба санҷиш ва машқи мукаммал ба шаҳри Роғун сафарбар карда шудаанд.
Баргузории чорабинии мазкур дар се марҳила пешбинӣ гардидааст. Дар марҳилаи якум аз хабардоркунӣ ва ҷамъ кардани ҳайати роҳбарикунандаи шаҳри Роғун, ба маълумоти онҳо расонидани вазъи ба амал омада ва муайян кардани шумораи интиқолшавандагон аз мавзеъҳое, ки эҳтимол дорад зери ярч монанд, тамрин мешавад. Дар марҳилаи мазкур санҷиши ҳолати омодагии зинаҳои вазифавии зернизоми ҳудудии шаҳри Роғун санҷида ва арзёбӣ мешаванд.
Марҳилаи дуюм аз ташкили корҳои наҷот ва дигар корҳои таъхирнопазир, инчунин бо мақсади ҳифзи аҳолӣ ва бо таври ҳақиқӣ иҷро намудани чорабиниҳои эвакуатсионӣ, чорабинии амалӣ - интиқоли аҳолии мавзеъҳои хавфноки шаҳри Роғун ба мавзеи бехавф ва ташкили барқарорсозии роҳи таворавӣ бо ҷалби комисияҳои эвакуатсионии шаҳр ва ҷамоати деҳоти Оби гарм, қувваю воситаҳои зернизоми ҳудудии шаҳри Роғун, ҳайати роҳбарикунандаи иншоотҳои иқтисодӣ ва гурўҳҳои эътинонамоӣ ба ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Роғун бо истифода аз тамоми воситаҳои нақлиёт ва техникаю механизмҳо ба нақша гирифта шудааст. Дар мавзеи бехавф шаҳраки хаймавӣ бо ташкили хўроки гарм, нуқтаи расонидани ёрии тиббӣ ва нуқтаи обу ташноб пешбинӣ гардидааст.
Ба машқ дастаи махсусгардонидашудаи наҷотдиҳии минтақаи Рашт барои гузаронидани корҳои кофтуковию наҷот ҷалб карда мешавад.
Маврид ба ёдоварист, ки машқи мукаммал дар асоси дастуру супоришҳои Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода вобаста ба огоҳсозии аҳолии минтақаҳои хавфнок дар мавзеи ярчи калон дар км 2.2 роҳи мошингарди Роғун якумин маротиба ташкил карда шуда, ба ин мақсад аз ҳисоби захираҳои Раиси Кумита 500 литр сўзишвории дизелӣ ҷудо карда шуд.