Корҳои пешгирикунанда аз вируси короно дар Раёсати Суғд

Баҳри пешгирӣ аз сироят ба вируси короно, таъмини солимии ҷомеа бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарўза тадбирҳо андешида шуда истодааст. Бо супориши Роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбарияти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд низ чорабиниҳои пешгирикунанда таҳия ва амалӣ шуда истодаанд.

Ҳар субҳ аз ҷониби дастёрони духтури Дастаи махсуси зудамали наҷоти вилоят баҳри пешгирии бемориҳои сироятӣ ҳудуди Раёсат, утоқҳои кории Раёсат бо маҳлули безарагардонӣ коркард карда шуда, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи дониши ҳайати шахсӣ ва ташрифоварандагон овезаҳо, аёниятҳо омода карда шуда, дар бино ва гирду атрофи Раёсат насб карда шуданд.

Аёниятҳо овезаҳо, китобчаҳои маълумотӣ, ки дар ҳамкории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ таҳия карда шудааст, тарзи ҳаёти солим, аломату нишонаҳои беморӣ, тавсияҳо, истеъмоли хўрокҳо, тарзу усулҳои гигиенаи шахсӣ маълумотҳо ҷой дода шудаанд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки ҳолати ҳамарўзаи санитарию гигиении ҳудуди Раёсат ва ҳайати шахсӣ таҳти назорати доимии дастёрони духтурони Даста қарор дода шудааст.

Инчунин аз ҷониби маркази таълимӣ-методии Раёсат дар машғулиятҳо, ки бо иштироки аҳолӣ ташкил ва гузаронида мешаванд, баҳри пешгирии бемориҳои сироятӣ, баланд бардоштани донишу малакаи онҳо оид ба вируси короно корҳои тарғиботӣ гузаронида, ба ширкаткунандагон аёниятҳо, китобчаҳои маълумотдиҳӣ, слайдҳо тақсим карда мешавад. 

Шаҳзода Бутаева,
сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсат, лейтенант.