Шаҳри Балморал бар асари оташсӯзии ҷангалҳои Австралия пурра хароб шуд ва дигар бинову макони ободе намонд. Ҳар куҷо менигаранд, хонаҳои сӯхтаро мебинанд. Як манзараи басо ҳузнагези рӯзҳои мо. Дар ин бора нахуствазири июлоти Уэлсли Нави Ҷанубӣ Глэдис Бережиклян хабар дод.
Radio New Zealand аз суханони ӯ иқтибос меорад, ки гуфтааст: “Мо хабари хеле бад дарёфт кардем. Аз Балморал хеле чизи каме боқӣ монд. Одамон моликияти худро аз даст доданд, вале ҳатман-ку барои бозсозии он бармегарданд. Вале оё чизе монда, ки аз оташ наҷот дода шавад?”
Маъмурони оташнишонӣ барои хомӯш кардани оташсӯзиҳои табиӣ дар чандин Иёлоти Австралия талош мекунанд.
Шаҳри Балморал дар чанд рӯзи гузашта дуввумин бор дар миёни оташ қарор гирифт. Сокинон дар ҳоли ҳозир иҷозаи бозгашт ба маҳалли истиқомати худ надоранд. Бино ба гузоришҳо чандин маъмури оташнишонӣ маҷрӯҳ шудаанд, аммо аз кушта шудани касе гузориш нарасидааст.
Аз моҳи сентябр ба инҷониб оташсӯзиҳо дар Австралия 9 нафарро ба ҳалокат расонд ва беш аз 700 хонаро вайрон кард. Миллионҳо гектар киштзор ва бешазорон ба коми оташ рафтанд.
Маълуоти мухтасар: Балморал – шаҳри истироҳатӣ дар канори Мосман, наздикии Сидней буда, бо тафреҳгоҳи соҳилии худ ва амволи ғайриманқули гаронарзиш дар теппаи рӯ ба уқёнус машҳур буд.