Озмуни нави Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда барои Раёсати тиббии Кумита

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли ҷойҳои холии зерин дар Раёсати тиббии КҲФ (ш.Душанбе) озмун эълон мекунад:

• Духтури муолиҷ;

• Духтури занон (гинеколог);

• Духтури бемориҳои сироятӣ;

• Духтури ҷарроҳ;

• Духтури бемориҳои пӯст;

• Дандонпизишк;

• Духтури уролог;

• Духтури гӯшу гулуву бинӣ;

• Духтури осебшинос;

• Духтури реаниматолог;

• Духтури-рентгенолог;

• Духтури физиотерапевт;

• Духтури равоншинос

• Ҳамчунин ҳамшираҳо ва бародарони шафқат.

 

Талабот:  доштани маълумоти олӣ ва миёнаи тиббӣ.

Ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хоҳиши ширкат дар ин озмун дорад, ба Раёсати кадрҳои Кумита ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:

а) ариза барои ширкат дар озмун, тарҷумаи ҳол;

б) Саволномаи бо даст пуркардашуда бо иловаи 2 расми андозаи  9*12;

в) нусхаи шиноснома, дипломе, ки идораи нотариалӣ тасдиқ карда бошад;

г) нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, ки нотариус ва хадамоти кадрии ҷойи кор дасдиқ карда бошад;

д) нусхаи шаҳодатномаи ҳарбӣ;

ж) маълумотнома аз ҷойи истиқомат ва ҳайати оила;

Ҳуҷҷатҳо барои ширкат дар озмун то 31-уми декабри соли 2019 бо суроғаи ш. Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 26 қабул карда мешаванд.

Телефон барои маълумот: (+992 372) 2217181.

  E-mail:  najot@rs.tj.

барчасп: