Тамринҳои омӯзишӣ дар ВМКБ ва вилояти Хатлон

Аз 27 то 30 августи соли равон аз ҷониби кормандони Кумитаи ҳолатҳои авқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғи ВМКБ ва ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон омӯзиши маҷмуъии зерсистемаи ҳудудии Системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар мавзуъи “Амали мақомоти идорӣ ва нерӯҳои вилоятӣ ва ноҳиявии зерсистема ҳангоми таҳдид ва зуҳури ҳолатҳои фавқулода  дар сурати боришоти шадид, ки боиси омадани сел мешаванд” ташкил ва гузаронида шуд.

Чорабиниҳо дар се марҳила бо коркарди ҳамзамони масъалаҳои омӯзиш бо таваҷҷуҳ ба шароити феълие, ки дар тамринҳо пешниҳод шудаанд, бо роҳандозии чорабиниҳо тибқи нақша гузаштанд. Аз ҷумла:

-дар марҳилаи аввал: мақомоти идорӣ, қувваҳо ва воситаҳои хадамоти вилоят ва ноҳия ба ҳоли омодабош дароварда шуданд; маълумоти зарурӣ ҷамъоварӣ шуданд ва қарори бартарафсозии оқибатҳои ҳолати фавқулода ва масъалаҳои роҳандозии корҳои наҷот ва корҳои тиббӣ дар минтақаи офат қабул шуд.

- дар марҳилаи дуввум масъалаҳои идораи нерӯҳо ва воситаҳо ҳангоми гузариши муназзами системаи мудофиаи граждании ивлоят аз ҳолати осоишта ба ҳарбӣ; ҳидояти гурӯҳи назорат бар ҷараёни иҷрои чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ, ирсоли гузоришҳо ва супоришҳо ба мақомоти болоии назоратӣ.

-дар марҳилаи сеюм амали воҳидҳои наҷоти КҲФ  аз назар гузаронида шуд.

Ин тамринҳо бар пояи Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мудофиаи гражданӣ, вокуниш, пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода дар соли 2019 роҳандозӣ шуданд. 

Ширкаткунандагон ба ин натиҷа расиданд, ки гузаронидани ин гуна тамринҳои омӯзишӣ аҳамияти калон дорад, иҷрои амалии омӯхтаҳои назариявӣ корро барои оянда ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табиӣ осон мегардаонад.

барчасп: