Анҷоми Конфронси минтақавӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ва амалӣ гардидани Барномаи қолабии Сендай дар шаҳри Душанбе

Дар шаҳри Душанбе Конфронси минтақавии коҳиши хатари офатҳо ба кори худ поён дод. Дар Конфронс диққати асосӣ ба масоили ҳамкориҳои байналмилалии коҳиши хатари офатҳо равона гардид. Аз ҷумла ширкаткунандагон масъалаҳои татбиқи минбаъдаи Барномаи қолабии Сендай дар кишварҳои минтақа, омӯзиши таҷрибаи мамлакатҳои дигар дар масоили бартарафсозии оқибатҳои офатҳои бузурги табиӣ ва раванди барқарорсозӣ, равишҳои фарогир, ҳамкориҳои наздисарҳадӣ ва ҷалби сармоягузориҳо дар коҳиши хатари офатҳо дар чаҳорчӯбаи татбиқи Барномаи қолабии Сендай дар кишварҳои минтақаро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

21 августи соли равон дар доираи татбиқи тавсияҳои “Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳо дар солҳои 2015-2030” дар шаҳри Душанбе бо ширкати муовини Сарвазири Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода ва таҳти раёсати Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода Конфронси минтақавӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ва амалӣ гардидани Барномаи қолабии Сендай баргузор шуд.  

 Дар кори конфронс Намояндаи махсуси Котиби Генералии СММ дар масъалаҳои коҳиши хатари офатҳо хонум Мами Мизутори, Ассисенти Котиби Генералии СММ, Директори намояндаи Барномаи Рушди СММ дар масъалаҳои вокуниш ба буҳронҳо хонум Асако Окайи, роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои ваколатдор дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодаи Афғонистон, Эрон, Покистон, Чин, Ҳинд, Муғулистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, намояндагони намояндагиҳои дипломатӣ, ташкилотҳои сармоягузор ва Агентиҳои СММ ширкат варзиданд.  

 Дар расми ифтитоҳи Конфронс Раиси Кумита иброз дошт, ки ин нишаст бидуни шак ба рушди ҳамкориҳои муштараки кишварҳои минтақа дар самти коҳиши хатари офатҳо такони нав хоҳад дод. Рустам Назарзода дар идомаи суханронии худ ҳамкориҳо дар заминаҳои коҳиши хатари офатҳоро махсус қайд кард. 

«Ҷалби доираи васеи ҷонибҳои алоқаманд дар коҳиши хатари офатҳои табиӣ ба инкишофи минбаъдаи муколамаи созанда, табодули иттилову таҷриба ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ мусоидат хоҳад кард”,- зикр намуд вай.

Мувоини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода дар суханронии худ ба муҳим будани баргузории ин нишаст таъкид кард. Вай гуфт: “Ташкил ва баргузории ин Конфронс бо иштироки намояндагон ва таҳлилгарони сатҳи баланд идомаи талошҳои кишварҳои мо барои коҳиши таъсири манфии тағйири иқлим ва аз ҷумла офатҳои табиӣ мебошад, ки имкон хоҳад дод мо талошҳои худро дар ин самт боз ҳам фаъолтар кунем. Бояд қайд кард, ки таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар коҳиши хатари офатҳо ва ширкат дар ҷаласаҳои муҳими минтақавӣ барои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад”.

Намояндаи махсуси Котиби Генералии СММ дар масъалаҳои коҳиши  хатари офатҳо хонум Мами Мизутори ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузории ин мулоқот изҳори сипос кард ва гуфт, ки СММ минбаъд низ ба ҳалли масъалаҳои коҳиши хатари офатҳо таваҷҷуҳ хоҳад намуд. Хонум Мизутори аз ҷумла гуфт: “Ман чунин меҳисобам, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як чорабинии саривақтиеро бо ширкати ҳам кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳам мамолики минтақаи Осиё созмон дод, чун офати табиӣ марзро намешиносад ва мусибати кишваре ҳатман таъсире ба кишвари дигар дорад. Созмони Милали Муттаҳид дар масоили коҳиши хатари офатҳо барои бунёди устуворӣ ба офатҳои табиӣ ва тағйири иқлим дар Осиёи Марказӣ минбаъд низ кумак хоҳад расонд”.

Ассисенти Котиби Генералии СММ, Директори намояндаи Барномаи Рушди СММ дар масъалаҳои вокуниш ба буҳронҳо хонум Асако Окайи зимни суханронии худ дар Конфронс изҳор дошт, ки Конфронси минтақавии коҳиши хатари офатҳо ва татбиқи Барномаи қолабии Сендай бори дигар муҳим будани масъалаҳои коҳиши хатари офатҳоро дар миён мегузорад ва инҳо масоиле мебошанд, ки бояд дар якҷоягӣ ҳаллу фасл намуд. 

Дар ҷараёни ҷаласа диққати асосӣ ба масоили ҳамкориҳои байналмилалии коҳиши хатари офатҳо равона гардид. Аз ҷумла ширкаткунандагон масъалаҳои татбиқи минбаъдаи Барномаи қолабии Сендай дар кишварҳои минтақа, омӯзиши таҷрибаи мамлакатҳои дигар дар масоили бартарафсозии оқибатҳои офатҳои бузурги табиӣ ва раванди барқарорсозӣ, равишҳои фарогир, ҳамкориҳои наздисарҳадӣ ва ҷалби сармоягузориҳо дар коҳиши хатари офатҳо дар чаҳорчӯбаи татбиқи Барномаи қолабии Сендай дар кишварҳои минтақаро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд. 

 Дар охир Қатъномаи душанбегии Конфронси минтақавии коҳиши хабари офатҳо қабул гардид. 

барчасп: