6 августи соли 2019 дар бахши Ҷамъиятии Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар минтиқаи Бохтари вилояти Хатлон мизи мудавар оиди лоиҳаи “Фароҳам овардани иқтидор тавасути мусоидат ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ дар қисмати ҷанубии Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузаронида шуд.
Дар ин чорабини сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон майор М. Муйдинов, сардори Шуъбаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда дар Кумитаи марказии Ҷамъиятии Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Ш. Сангов ва раисони маҳалаҳои ноҳияҳои Ёвон, Қубодиён, Дўстӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Ҷалолиддини Балхӣ ва Вахш иштирок намуданд.
Зикр шуд, ки омодагии ҳамешагӣ ба ҳар рӯйдод гарави аслии пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулода ва коҳиши хатари офатҳост.
Ширкаткунандагон доир ба пешгирӣ аз ҳодисаҳои ҳолатҳои фавқулодда дар маҳалҳо изҳори назар намуданд.