Аз 2 то 7 августи соли 2019 сенздаҳумин мусобиқоти ҷумҳуриятвии қаҳрамонии бисёрҳарба миёни дастаҳои ҷустуҷӯву наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он ҳамчунин созмони ихтиёриёни наҷоти Агентии Оғохон оид ба Зистгоҳ низ ширкат карданд.
Муддати як ҳафта иштирокдорони мусобиқаҳо аз рӯйи се дарси асосии наҷот гузаштанд: “Корҳои ҷустуҷӯву наҷот дар табиат”, “Корҳои ҷустуҷӯву наҷот дар минтаҳои техногенӣ” ва “Корҳои ғаввосиву наҷот”.
Барои соҳиб шудан ба ҷойҳои аввал 72 нафар наҷотдиҳандагон аз раёсатҳои вилоятиву шаҳрии КҲФ, ҳамчунин наҷотдиҳандагони Агентии Оғохон оид ба Зистгоҳ мубориза бурданд.
Онҳо дар ҷараёни мусобиқаҳо маҳорати касбии худро нишон доданд, корҳои зериобиву техникӣ ва наҷотро дар ҳолатҳои мураккаби гуногун дар рӯй ва умқи об иҷро карданд, ҳамчунин маҳорати кӯҳгардии худро нишон доданд.
7 август дар Варзишгоҳи марказии Гулистони вилояти Суғд маросими тантанавии анҷоми мусобиқаҳо баргузор гардид.
Ҷойи аввал насиби Раёсати хадамоти вижаи ҷустуҷӯиву наҷот шуд.
Дастаи наҷоти Агентии Оғохон оид ба Зистгоҳ ҷойи дуюмро ишғол кард ва Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар мақоми сеюм қарор гирифт.