6 – уми июл барномаи зеҳнии телевизиони вилоятии Хоруғ бахшида ба 25-солагии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бозии «Брейн-ринг» миёни ҷавонони шаҳр ба поён расид. Дар силсилабарномаҳо бахшида ба ин муносибат 30 нафар аз 8 даста ширкат намуданд.
Ҳадафи роҳандозии ин бозӣ таҳкими донишҳои насли ҷавон дар мавриди таърихи идораи наҷот, қоидаҳои рафтор дар ҳолатҳои фавқулода, малакаҳои тафаккури ҷамъӣ буд.
Дар ҳар марҳилаи бозиҳо тимҳо ба суолҳо посухҳои дақиқ медоданд ва ҳар даста мекӯшид сатҳи омодагии худро ба намоиш гузорад.
Дар бозии ниҳоӣ се даста: дастаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев, дастаи наҷотдиҳандагони ихтиёрии Агентии Оғохон оид ба макони зист ва дастаи ҷавонони шаҳри Хоруғ бо ҳам сабқат карданд.
Дар натиҷа ҷойи аввал насиби дастаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев шуд, ҷойи дуюм ба дастаи наҷотдиҳандагони ихтиёрии Агентии Оғохон оид ба макони зист ва ҷойи сеюм дастаи ҷавонони шаҳри Хоруғ тааллуқ гирифт.
Ба ғолибон ва ширкаткунандагони фаъоли ин барномаи хуби тлевизионӣ диплом ва адабиёти омӯзишӣ тақдим шуданд.