Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ, ҳамчунин бо мақсади расонидани ёрии техникӣ ба хадамоти равоншиносӣ ва дигар воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти маишӣ, комютерҳо, мебел, таҷҳизот барои утоқҳои равоншиносӣ, ҳамчунин мошини тамғаи «Nissan Patrol» супурда шуд.
Ин кӯмаки техникӣ аз ҷониби созмони байналмилалии “Хазинаи бачагони СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (UNICEF) ва Дафтари намояндагии Барномаи САҲА дар шаҳри Душанбе расид. Дар маросими таҳвили мошин Сарвар – Сафири Дафтари Барномаи САҲА дар шаҳри Душанбе ҷаноби Валериу Кивер ширкат намуд.
Ҳаногоми супурдани техника Раиси КҲФ, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ба шарикони байналмилалӣ барои ин ёрии беғараз изҳори сипос намуд ва қайд кард, ки ҳамкориҳо миёни Кумита ва ҷомеаи байналмилалӣ, қабл аз ҳама ба расонидани кумакҳо ба аҳолии зарардида равона шудааст.
Техникаи супурдашуда барои беҳбуд ва такмили пойгоҳи техникии воҳидҳои КҲФ буда, бешак ба хубтар роҳандозӣ шудани корҳои пешгирӣ ва батарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ мусоидат мекунад.