23 сол муқаддам, 6 майи соли 1996 соати 16:20 дақиқа аз ҷониби аъзои ТТЭ ҲНИ — гурӯҳи силоҳбадастони Раҳмон Сангинов (Раҳмон гитлер) олими шинохта, доктори илми тиб, профессор, академик, узви вобастаи Академияи илмҳои тибби ИҶШС, Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино Минҳоҷ Ғуломов бераҳмона ба қатл расонда шуд.
Минҳоҷ Ғуломов 3 сентябри соли 1923 дар гузари Қӯшҳавзи шаҳри Самарқанд ба дунё омада, соли 1952 факултети муолиҷавии Донишкадаи тиббии Самарқанд ба номи И. П. Павловро бо баҳои аъло хатм кардааст. Солҳои 1952 — 1954 ординатори Институти психиатрияи назди Вазорати нигоҳдории тандурустии ИҶШС, 1954 — 1957 аспиранти Институти умумииттифоқии тадқиқотии илмии психиатрияи умумисудии ба номи В. П. Сербский, 1957 — 1960 роҳбари Маркази ҷумҳуриявии клиникии психиатрия, 1960 — 1996 мудири кафедраи психиатрия ва наркологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва аз соли1974 ноиби ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино буд.
Бо ибтикори ӯ дар мамлакат аввалин марказҳои эҳёи психиатрии кӯдакон таъсис дода шудаанд. Соли 1964 М. Ғуломов ба унвонҳои Духтури хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аълочии Вазорати саноати химияи Ҷумҳурии Халқии Булғористон сазовор ва соли 1986 эксперти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) дар соҳаи психиатрия ва наркология таъин гардид. Он солҳо ӯ ягона намояндаи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) буд. Мураттиби лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии психиатрӣ» (2002) мебошад.
Мероси илмии ӯ бештар ба масъалаҳои умдаи психиатрия бахшида шудаанд. Бори нахуст алоқаи патогенези (сарчашмаи) алоими Кандинский (автоматизми рӯҳия) — ро бо бемориҳои асосӣ (масалан, шизофрения — маҷзубият), ки дар онҳо иллати мазкур хурӯҷ мекунад, муайян намудааст.
Минҳоҷ Ғуломов муаллифи зиёда аз 377 таълифоти илмӣ, 18 монография, 13 кашфиёт, 8 китоби дарсӣ, 48 дастури таълимӣ буд. Китобҳои дарсии «Луғати истилоҳоти эпиномикӣ дар равонпизишкӣ» (Киев, 1984), «Психиатрия» (Душанбе, 1993), «Равонпизишкӣ» (Душанбе, 1996), дастурҳои таълимии «Шакли таваҳҳуми алоими автоматизми равонӣ», «Таваҳҳуми даҳонуҳалқӣ», «Алоими Кандинский-Клерамбо» ба қалами вай тааллуқ доранд. Китоби «Психиатрия»-и ӯ китоби рӯимизии равоншиносони дунёст.
Дар тӯли фаъолият Минҳоҷ Ғуломов беш аз 400 табиби равонпизишкро тарбият намудааст. Таҳти роҳбарии бевоситаи ӯ 34 нафар рисолаи номзадӣ ва 2 нафар рисолаи докторӣ дифоъ кардаанд.
Қаҳрамони матлаб «Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино» (1977), ордени «Ленин», ордени «Револютсияи Октябр», ду ордени «Нишони фахрӣ», нишони «Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон» (пас аз марг), медал ва ифтихорномаҳои зиёди соҳавиро сазовор гардидааст. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004 Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологӣ ба номи Минҳоҷ Ғуломов гузошта шуд.
Барои ҳеҷ кас пӯшида нест, ки ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ фаъолиятро дар Тоҷикистон аз бедодгарӣ, қатлу ғорати ашхоси номвару муътабар оғоз кард. Аъзои он ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки фаъолияти экстремистию террористиро дар зери ниқоби дину мазҳаб амалӣ созанд. Далели раднопазир аст, ки фаъолияти тахрибкоронаи наҳзатиҳо сабаби ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992 — 1997 гардид. Наҳзатиҳо, ки душмани сулҳу оромӣ, илму дониш, санъату ҳунар, фарҳангу маърифат ва эҷодкорӣ мебошанд, дар давоми фаъолият, бахусус, солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, олимону сиёсатмадорон ва баъзе аз чеҳраҳои шинохтаи кишварро ваҳшиёна ба қатл расонданд, ки дар қатори онҳо равонпизишки маъруф Минҳоҷ Ғуломов низ буд. Даҳшате, ки хиёнаткорон ба сари миллати тоҷик оварданд, басо нангину дарднок ва то абад ҷуброннопазир хоҳад буд.
Агар риштаи умри академик Минҳоҷ Ғуломов ноҷавонмардона аз дасти қотилони наҳзатӣ бурида намешуд, соҳаи тибби кишвар боз ҳам бештар тараққӣ мекард ва шуҳраташ дар дунё паҳн мешуд. Бале, ҳар кӣ он даравад, ки кишт кардааст. Номи ҳизби наҳзат гуму тарафдоронаш нафринзада шуданд, вале хотираи неки устоди гиромиқадр Минҳоҷ Ғуломов ҳамеша дар дилу дидаи мардум боқӣ хоҳад монд. Равонаш шод бод!
Маҳмадамин МАҲМУДНАЗАРОВ,
мудири кафедраи бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, дотсент, номзади илмҳои тиб
БОЗЧОП аз рӯзномаи “Садои мардум” №50 04.05.2019