МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

Пас аз эълон гардидани Истиқлолияти Тоҷикистон дар арсаи чаҳонӣ давлати мустақилу соҳибихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардид. Дар фазои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои қонунгузории давраи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ амал мекарданд ва қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 водор намуд, ки вобаста ба сохти иҷтимоӣ ва низоми давлатдорӣ санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба меъёрҳои конститутсионӣ дар таҳрири нав қабул гардида, мураттабсозӣ ва ҳамоҳангсозии онҳо таъмин карда шаванд. Баъд аз қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалӣ намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо қадамҳои устувор гузошта шуданд. Ташаккули давлати демокративу ҳуқуқбунёд, қабл аз ҳама ба сифати баланди қонунҳо вобаста аст, ки он волоияти қонунро таъмин намуда, барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими амнияти давлатӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва экстримизм равона гардидааст.

Яке аз талаботҳои асосии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳар як шаҳрванди мамлакат онро бояд риоя ва амалӣ намояд, ин тартиботи ҳуқуқӣ мебошад, зеро ки он боиси мустаҳкамии ҳокимияти давлатӣ ва мубориза бар зидди ифротгароӣ мебошад.

Экстремизм – ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мебошад.

- амали экстремистӣ-фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва ё воқеӣ вобаста ба банақшагирӣ, ташкилкунӣ, тайёр кардан ва иҷрои амалҳое (кирдорҳое) мебошанд, ки барои иҷрои мақсадҳои  зерин равона карда шудаанд:

а) ба тарзи маҷбурӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва халалдор сохтани ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

б) зарар расонидан ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

в) ғасб ё тасарруфи салоҳияти ваколатҳои ҳокимият;

г) ташкил кардани гурўҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ;

д) амалӣ гардонидани фаъолияти террористӣ;

е) ангезонидани муноқишаҳои нажодӣ, миллӣ ё динӣ, инчунин муноқишаҳои иҷтимоӣ, ки ба зўроварӣ ё даъват ба зўроварӣ алоқаманд аст;

ж) паст задани шаъни миллӣ;

з) ба амал овардани бетартибиҳои оммавӣ, авбошӣ ва харобкорӣ бо сабабҳои душманӣ ё бадбинии идеологӣ, сиёсӣ, нажодӣ, миллӣ ё динӣ ва ё бо сабабҳои бадбинӣ ё душманӣ нисбати ягон гурўҳи иҷтимоӣ;

и) ташвиқоти ягона будан, бартарӣ доштан ё номукаммалии шаҳрвандон бо хусусиятҳои муносибати онҳо ба дин, тамоюли иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ ва ё забонии онҳо;

к) даъватҳои оммавӣ барои амалӣ гардонидани фаъолияти мазкур ё иҷрои  амалҳои номбаршуда;

л) маблағгузорӣ ба фаъолияти мазкур ё расонидани кўмак барои амалӣ гаштани он, ҷудо кардани манзил, базаҳои таълимӣ, полиграфӣ, моддӣ-техникӣ, алоқаҳои телефонӣ, факсӣ, хизматрасонии иттилоотӣ, дигар воситаҳои моддӣ-техникӣ барои амалӣ шудани ин фаъолият.

- маводҳои экстремистӣ - ин интишори иттилоот ё ҳуҷҷатҳое, ки барои амалӣ гаштани фаъолияти экстремистӣ даъват карда мешаванд ё ногузирии ин фаъолиятро асоснок менамоянд, нашрияҳо, ки ногузирии бартарии миллӣ ё нажодиро талқин менамоянд ё таҷрибаи ҷиноятҳои ҳарбӣ ва дигар ҷиноятҳоро, ки ба несту нобудкунии пурра ё қисмии ягон намуд гурўҳи этникӣ, иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ ё динӣ равона карда шудааст, асоснок мегардонад.

Мубориза бар зидди экстремизм бо самтҳои зерин амалӣ мегардад:

  • - андешидани чораҳои пешакӣ барои пешгирии фаъолияти экстремистӣ, аз ҷумла ошкоркунӣ ва бартараф намудани шарту сабабҳое, ки  барои амалӣ гаштани фаъолияти экстремистӣ мусоидат мекунанд;
  • - ошкоркунӣ, огоҳкунӣ ва пешгирии фаъолияти экстремистии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ.

Мубориза бар зидди экстремизм яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат мебошад. Вай вазифаҳои худро дар ин соҳа ба воситаи  мақомоти ҳокимияти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардонад.

Сармуаллими кафедраи назария ва
таърихи давлат ва ҳуқуқ
Воситов Ҳ.А.

барчасп: