Ширкати кормандони КҲФ дар таҷлили Наврӯз

Дар рӯзҳои Ҷашни Байналмилалии Наврӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳидҳои сохторӣ ва қисмҳои ҳарбӣ чорабиниҳои гуногун мегузаранд, ки дар онҳо кормандон ва хизматчиёни ҳарбии КҲФ фаъолона ширкат мекунанд.

Чунончӣ, дар миёни ҳайати шахсии сарбозони хизмати ҳарбии ҳатмӣ мусобиқоти варзишӣ оид ба давидан, кашидан дар турник, сангбардорӣ ва шатранҷ баргузор шуд.

Аз миён 11 нафар чун ғолибони мусобиқоти варзишӣ эътироф шуданд.

Дар қисмҳои ҳарбии КҲФ дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд низ ҳамин гуна чорабиниҳои идона роҳандозӣ гардиданд.   

Дар Дастгоҳи Марказии Кумита ба шарафи иди Наврӯз гӯшае бо рамзҳо ва тасвирҳои наврӯзӣ ва дастурхони “Ҳафт син” ороиш дода шуд.

барчасп: