Наврӯзатон фирӯз бод!

Муҳтарам корбарони сомона! Роҳбарият ва ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо ба муносибати фарорасии иди Баҳор – Наврӯзи хуҷастапай муборакбод мекунад!

Орзу дорем, ки ин ҷашни пурфараҳу нишот ба дилҳои Шумо ҷаҳон-ҷаҳон фараҳ орад. Барои кишвари азиз Наврӯз сарсабзии ҳамешагӣ, тозакориҳои баҳорона, дастурхони пурфайзу пурбаракат армуғон орад.

Барои миллати азиз ва кишвари маҳбуб офтобу сулҳу суботи ҳамешагӣ нурпошӣ кунад, ваҳдати миллӣ ҳамеша пойдору устувор бошад!

Наврӯзатон фирӯз бод,
Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!

барчасп: