19 марти соли равон дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи доимамалкунандаи коршиносони Платформаи Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ баргузор гашт.
Ҷаласа таҳти раёсати сардори Сарраёсати Кумита-котиби масъули Платформаи Миллӣ- полковник Ҷамшед Камолов гузашт.
Дар рафти ҷаласа талаботҳо ба ҳисоботи «Барномаи қолабии Сендай оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030» ва татбиқи он дар доираи Платформаи Миллӣ дар соли 2019, таҳияи Зербарномаи миёнамуҳлат барои солҳои 2019-2022, ки аз Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030 бармеояд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамчунин ширкаткунандагон лоиҳаи Нақшаи кории Платформаи Миллиро, ки қарор аст 26-уми апрели соли равон баргузор шавад, баррасӣ карданд.
Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳо, ҳамчунин намояндагони Барномаи Рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Мавриди зикр аст, ки Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018 №502 тасдиқ гардидааст.