Корманди Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ВМКБ ҷоизадори мусобиқоти варзишии наврӯзӣ шуд

Ба пешвози иди баҳор Наврӯзи хуҷастапай дар сар то сари кишвар чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ баргузор мешаванд, ки дар онҳо аҳолӣ мунтазам ва басо фаъолона ширкат меварзанд. Аз ҷумла дар шаҳри Хоруғ - маркази Вилояти Мухтори Куиҳистони Бадахшон мусобиқаи варзишии давидан баргузор шуд, ки дар он кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ иштирок намуданд.  Кормандони Раёсат на танҳо ширкаткунандаи фаъоли мусобиқоти варзишӣ буданд, балки дар таъмини амнияти шаҳрвандон низ саҳм доштанд.

Аз рӯйи ҷамъбасти мусобиқа ҷойи аввал насиби сардори гурӯҳи хоруғии Раёсати КҲФ дар вилоят, майор Умед Тутишоев гашт ва ба ӯ дипломи Ҳукумати ВМКБ тақдим шуд. 

Маврид ба ёдоварист, ки ин пирӯзии аввалини кормнадони Раёсати КҲФ дар ВМКБ дар мусобиқоти варзишии вилоят бахшида ба ин ё он маросим нест. Дар гузашта низ намояндагони Раёсат бо ширкати фаъолонаи худ дар ин гуна сабқатҳо бо парчами пирӯзиву ҷоизаҳо ба мақари худ баргаштаанд.

барчасп: