Дар ноҳияи ба номи Ҷаббор Расулов кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо дастгирии Ҷамъияти миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон семинари серӯзаи омӯзишӣ миёни 120 нафар хонандагони мактабҳои таълимоти ҳамагонӣ гузарониданд.
Муддати ин се рӯз хонандагон ва маъмурияти мактаб малакаҳои интиқоли одамон дар ҳолати ба вуҷуд омадани вазъи фавқулоддаро тамрин карданд, дастаи интихобӣ аз миёни донишомӯзони ҷавон бошанд расонидани аввалин ёриҳои тиббӣ ба зарардидагонро машқ карданд.
Мактаббачагон ҳамроҳ бо кормандон Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд амалҳои худро дар шароитҳои вазъи эҳтимолии фавқулодда ва офатҳои табиӣ тамрин намуданд.
Ин омӯзишҳо дар ду марҳила баргузор шуданд: марҳилаи аввал эълони таҳдиди ҳолати фавқулодда, кӯчонидани хонандагон ва кормандони мактаб буд; марҳилаи дуввум тиме аз миёни хонандагон интихоб шуд, ки онҳо ба зарардидагон мебоист ёриҳои аввали тиббӣ мерасонданд. Ва мутахассисони Кумита маҳз роҳу шеваҳои ёриҳои аввалинро омӯзиш доданд.
Роҳандозии ин гуна семинару тамринҳо сатҳи омодагиҳои ҷисмонӣ ва равонии хонандагонро боло мебаранд ва онҳоро омӯзиш медиҳанд, ки дар ҳоли ба вуҷуд омадани ин ё он офати табиӣ чӣ гуна метавон бе воҳима ва мағал дастбакор шуд ва ба зарардидагон кумаки аввал расонд.