Мӯҳтарам хатмкунандагони муассисаҳои таълимоти ҳамагонии Ҷумҳурии Тоҷикистон! Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва муодфиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Академияи ҳимояи граждании Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия ба соли таҳсили 2019 – 2020 озмуни довталабонро эълон мекунад. Дар ин озмун ҷавонписарони аз 17 то 24-сола ширкат карда метавонанд.
Омӯзишҳо дар самти “Бехатарии фазои техникӣ” (ихтисоси “Ҳимоя дар ҳолатҳои фавқулодда”) мегузаранд.
Касоне, ки ба Академия пазируфта мешаванд, тӯли таҳсил дар вазифаи курсант хоҳанд буд. Довталабон ду имтиҳон месупоранд: таърихи Русия (шифоҳӣ) ва забони русӣ (хаттӣ). Қабули довталабон аз натиҷаи ҳамин имтиҳонҳо вобаста мебошад.
Мӯҳлати таҳсил 4 сол буда, хатмкунандагон соҳиби мадраки “Бакалавр” мешавад. Шакли таҳсил рӯзона ва пулакӣ мебошад.
Хоҳишмандон метавонанд то охири моҳи марти соли ҷорӣ ҳуҷҷатҳои худро ба Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Кумита бо суроғаи: 734013, ш. Душанбе, кӯсаи Лоҳутӣ, х. 26, Раёсати кадрҳои КҲФ супоранд.
Телефони барои маълумот:
(+992 37) 227-71-81, Факс:221-91-19.