Тамринҳои омодабош дар корхонаи “Қолини Қайроқум”

Бар асоси Нақшаи чорабиниҳои асосӣ оид ба мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаи КҲФ дар соли 2019 кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон, дар корхонаи “Қолини Қайроқум” тамрини фармондеҳӣ-ситодӣ дар мавзуъи “Амали ҳайати роҳбарии нерӯҳо ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ дар ҳоли ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодда дар қаламрави корхона” гузарониданд.

Дар ин тамринҳо дараҷаи омодагии кормандон ва роҳбарони корхона дар ҳимоя аз офатҳои табиӣ арзёбӣ шуданд. 

Кормандони корхонаи мазкур бо усулҳои вокуниши фаврӣ, амалҳои фавриву саривақтӣ ҳангоми таҳдидҳо, равишҳои расонидани ёриҳои аввалини тиббӣ ва истифодаи воситаҳои ҳимояи кимиёӣ шинос карда шуданд. 

Дар ин тамринҳо ҳамчунин дараҷаи омодагии ҳайати роҳбарикунанда ва кормандон дар ҳимоя аз заминларза тамрин шуда, омодагии нерӯҳо ва воситаҳо барои бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда арзёбӣ гардиданд. Ғайр аз ин ҳамаи иншоотҳо ва воситаҳои ҳимоявии мудофиаи гражданӣ ба ҳоли омодабош дароварда шуданд.

барчасп: