Дар доираи татбиқи минбаъдаи Ёддошти тафоҳум, ки миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ имзо шудааст, ҳамчунин бо мақсади омӯзиш оид ба таҳияи харитаҳои электронии қитъаҳои осебпазир дар ҳолатҳои фавқулодда дар КҲФ дуюмин марҳилаи давраи омӯзишӣ барои кормандони маркази иттилоотӣ-таҳлилӣ оғоз гардид.
Ин омӯзишҳо аз ҷониби мутахассисони Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.
Ҳадафи роҳандозии ин гуна тамринҳо ва омӯзишҳо баланд бардоштани донишҳои ихтисосии кормандони КҲФ оид ба тартиб додани харитаи ҷойҳои осебпазир ба ҳолатҳои фавқулодда тибқи барномаи “ГИС” мебошад.
Дар ин давраи омӯзишӣ афсарони Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда иштирок мекунанд.